“Солиму босаводон даъват шаванд”. Оғози маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ

Роҳбари комиссияи ҷумҳуриявиии маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастур дод, ки ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикитсон ҷавонони босаводу солим даъват карда шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 март Фармон «Дар бораи ба […]

Роҳбари комиссияи ҷумҳуриявиии маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастур дод, ки ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикитсон ҷавонони босаводу солим даъват карда шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 март Фармон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, даъвати баҳорӣ аз 1 апрел то 31 май идома ёфта, шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим комиссияи ҷумҳуриявии ташкили даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбиро роҳбарӣ мекунад. Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Шараф Файзуллозода ва сардори Раёсати ташкилӣ-сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ Хушвахт Мироваров муовинони ӯ таъин шудаанд. Ба ҳайати комиссяи ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон шомиланд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ тақрибан 15-16 ҳазор нафар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.