Ниммарафони навбатии даҳуми байнулмилалӣ дар Душанбе

Ниммарафони X байналмилалии Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон санаи 20 апрел доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд. Мувофиқи қарори қабулшудаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, барои варзишгарони ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғолнамуда ҳам байни мардону ҳам занон дар ҳаҷми аз 13 ҳазору 350 сомонӣ барои зинаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ниммарафони X байналмилалии Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон санаи 20 апрел доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мувофиқи қарори қабулшудаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, барои варзишгарони ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғолнамуда ҳам байни мардону ҳам занон дар ҳаҷми аз 13 ҳазору 350 сомонӣ барои зинаи 6-ум то 31 ҳазору 150 сомонӣ (беш аз 3 ҳазор доллар) барои зинаи 1-ум мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла,  барои ҷойи дуюм- 26 ҳазору 700 сомонӣ, ҷои сеюм- 22 ҳазору 250 сомонӣ, ҷои чорум – 17 ҳазору 800 сомонӣ, ҷои панҷум – 16 ҳазору 20 сомонӣ   мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Ба ниммарафони имсола дар шаҳри Душанбе варзишгарон аз 27 кишвари саросари дунё даъват шуда, ҳамчунин бисёре аз варзишгарони тоҷик низ дар он иштирок мекунанд.

Ниммарафони байнулмилалӣ ҳамасола дар ҷашни Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад. Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи қариб 21 бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардидааст, ки аз мақоми баланди он гувоҳӣ медиҳад.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, маъмулан варзишгарон аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.