Дар Душанбе ҷашни “Сайри гули лола” ҷараён дорад

Намояндагони муассисаҳои давлатии ноҳия гулҳои лолаи навъҳои гуногун ва дигар гулҳои ороиширо ба маърази баҳогузорӣ ва тамошо мегузоранд. Доир ба ин мавзӯъ ҳамчунин барои тамошобинон барномаи адабиву ҳунарӣ низ пешкаш мешавад. Мувофиқи дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, давоми солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон озмуни “Сайри гули лола” баргузор мешавад. Зимни сафари чанде қабли Сарвари давлат ба […]

Asia-Plus

Намояндагони муассисаҳои давлатии ноҳия гулҳои лолаи навъҳои гуногун ва дигар гулҳои ороиширо ба маърази баҳогузорӣ ва тамошо мегузоранд. Доир ба ин мавзӯъ ҳамчунин барои тамошобинон барномаи адабиву ҳунарӣ низ пешкаш мешавад.

Мувофиқи дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, давоми солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон озмуни “Сайри гули лола” баргузор мешавад. Зимни сафари чанде қабли Сарвари давлат ба вилояти Суғд дар ин робита таъкид шуд, ки «Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.

Фетивали “Сайри гули лола” моҳи апрел дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ҷашн гирифта шуда, даҳаи дуюми ҳамин моҳ баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.