Путин ва Раҳмон масъалаи сохтмони мактабҳои русзабонро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 17-18 апрел бо сафари расмӣ аз Русия боздид мекунад. Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ӯ бо президенти Русия Владимир Путин як қатор созишномаҳои нави байниҳукуматӣ ба имзо мерасанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон. Интизорӣ меавад, ки ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматиро дар бораи […]

Aваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 17-18 апрел бо сафари расмӣ аз Русия боздид мекунад.

Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ӯ бо президенти Русия Владимир Путин як қатор созишномаҳои нави байниҳукуматӣ ба имзо мерасанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Интизорӣ меавад, ки ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматиро дар бораи сохтмони панҷ мактаби русзабон, ки бо маблағгузории Русия дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бунёд мегардад, ба имзо расонанд.

Зимни сафар ҳамчунин имзои созишномаҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, амният, фарҳанг ва ҳамкориҳо байни минтақаҳои давлатҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон ният дорад, ки масъалаи авфи шаҳрвандони худро, ки қаблан барои риоя накардани қонунгузории будубоши ин кишвар аз Русия ихроҷ шуда буданд, низ мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст. Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд.

Дар ҳар кадоме аз мактабҳо бо таҳсил фаро гирифтани 1200 нафар кӯдакон пешбинӣ мешавад. Мактабҳо бо ҳадафи пешбурд ва густариши фарҳанги мардуми Русия ва забони русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.