Имконоте, ки Тоҷикистон набояд дар самти ҳамгиройии авруосиёӣ аз даст диҳад

Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Андозагирии иҷтимоии ҳамгиройии авруосиёӣ: имконот ва дурнамо барои Тоҷикистон” мизи гирди байнулмилалӣ баргузор шуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Фонди рушди “Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ”, Маҳфили коршиносони “Урал-Евразия” (Екатеринбург), маркази иттилоотӣ-таҳлилии “Евразия-Поволжье” (Саратов) бо мусоидати сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Зимни суханрониҳо коршиносон имконотеро, ки барои Тоҷикистон баъди ҳамоҳангӣ бо Иттиҳоди […]

Наим Халимов

Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Андозагирии иҷтимоии ҳамгиройии авруосиёӣ: имконот ва дурнамо барои Тоҷикистон” мизи гирди байнулмилалӣ баргузор шуд.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Фонди рушди “Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ”, Маҳфили коршиносони “Урал-Евразия” (Екатеринбург), маркази иттилоотӣ-таҳлилии “Евразия-Поволжье” (Саратов) бо мусоидати сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Зимни суханрониҳо коршиносон имконотеро, ки барои Тоҷикистон баъди ҳамоҳангӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пайдо мешаванд, зикр карданд.

“Механизмҳои ИИАО ба минтақаҳои Русия бештар асосҳои ҳуқуқӣ дода, мутаносибан сатҳи ҳимояи сармоягузориашон мустаҳкам мешавад, ки бешубҳа манфиатдории корхонаҳои Русияро ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш медиҳад”, – иброз дошт директори Маҳфили коршиносони “Урал-Евразия” Константин Погорелский.

Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин имконоти Қирғизистонро мисол овард, ки бо кумаки Фонди рушди Русия ва Қирғизистон муддати ду сол 767 лоиҳаро дар соҳаҳаои тиҷорати хурду миёна ба маблағи 248 млн. доллар сармоягузорӣ намуд.

“Ҳозир фурсате фаро расидааст, ки онро набояд аз даст дод. Аввал, имконоти тайёр кардани кадрҳои тахассусӣ дар бозори кор. Дуюм, имконот дар бозори энергетикӣ, ки метавон пули васлгаре гардид, ки иқтидорҳои энергетикии ИИАО-ро бо лоиҳаи CASA муттаҳид мекунад ва ҳамин тариқ тамоми минтақаи Осиёи Марказиро бо шабакаи ягона пайваст месозад. Сеюм, роҳандозии самтҳои ба рақамӣ гузаштани корҳо дар доираи ИИАО, ҳавасмандсозии насли ҷавон ба бунёди технологияҳои иттилоотӣ, маҳсулот ва лоиҳаҳои нав”, – қайд кард раиси Палтаи савдо ва саноати Қирғизистон Кубат Раҳимов.

Дар робита ба масъалаи муҳоҷират мушовири ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон профессор Раҳмон Ӯлмасов изҳор намуд, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирони тоҷику қирғиз аз Русия ба ватан қариб баробар буда, лекин шумори шаҳрвандони Тоҷикистон қариб якуним баробар камтар аст ва ин маънои онро дорад, ки хонаводаҳо ва иқтисоди Тоҷикистон бинобар сабаби доштани мақоми гуногуни шартҳои фаъолият дар Русия, наздики 500 млн. доллар маблағро аз даст медиҳанд.

Роҳбари намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон Владислав Маркевич ва директори маркази иттилоотӣ-таҳлилии “Евразия-Поволжье” Марина Лапенко ба хатарҳои ба ҷинояткорӣ даст задан ва зуҳури ифротгаройӣ миёни муҳоҷирон ишора намуданд.

Марина Лапенко пешниҳод намуд, ки “ба узвияти комилҳуқуқ мунтазир нашуда, аллакай аз ҳозир муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистонро бо муқаррароти танзимкунандаи бозори кор дар ИИАО ҳамоҳанг кардан зарур аст”.

Ин пешниҳод аз ҷумла аз ҷониби иштирокчиёне низ дастгирӣ ёфт, ки ҳамгиройии Тоҷикистонро ба Иттиҳод тибқи бандҳои ҷудогона, ки ба тамоми иқтисоди ҷумҳурӣ дахл надоранд, ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр карданд, ки пешниҳоди Русия дар бораи мақоми Тоҷикистон ба сифати нозири ИИАО ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.