Боз дар ду хатсайри пойтахт пардохти пули нақд манъ мешавад

Аз 12 апрел пардохти ҳаққи роҳкиро дар дар хатсайрҳои автобусии №6 (Бонки миллӣ – маҳаллаи Чортут) ва №11 (мактаби №61 – бозори «Балх») дар шаҳри Душанбе пурра тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад. Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳои назди […]

Asia-Plus

Аз 12 апрел пардохти ҳаққи роҳкиро дар дар хатсайрҳои автобусии №6 (Бонки миллӣ – маҳаллаи Чортут) ва №11 (мактаби №61 – бозори «Балх») дар шаҳри Душанбе пурра тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳои назди истгоҳҳо ва нуқтаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрасӣ намуда аз хизматрасониҳии автобусҳои муосир истифода баранд.

Қобили зикр аст, ки қаблан пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо бо корти нақлиётӣ дар пойтахт дар автобусҳои хатсайри №3, №8, №43, №7 ва №22, ҳамчунин троллейбусҳои №1 ва №10 ҷорӣ шуда буд.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бар асоси механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Мутахассисони лоиҳа қайд мекунанд, ки дар марҳилаи мазкур ҳадафи асосӣ пурра ҷорӣ кардани низоми автоматишудаи пардохт ва назорат дар автобусу троллейбусҳо мебошад.

«Дар бораи ҷорӣ шудани ин низом дар дигар навъҳои нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла микроавтобусҳо (маршруткаҳо) танҳо баъди анҷоми муваффақонаи ин марҳила метавон ҳарф зад», – шарҳ доданд онҳо.

Айни замон мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.