Мақоми сеюми Тоҷикистон байни кишварҳои пешсафи таносуби интиқоли пул ба ММД

Тоҷикистон соли гузашта ба сегонаи аввали кишварҳои ҷаҳон бо таносуби баландтарини ҳаҷми интиқоли маблағ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) шомил гардид. Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ таносуби нисбатан балндтари ҳаҷми интиқоли маблағ ба ММД-ро дар Тонга (35,2%) ва Қирғизистон (33,6%) ба қайд гирифтаанд. Пулҳое, ки соли 2018 ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд, ба 31%-и ММД-и соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон соли гузашта ба сегонаи аввали кишварҳои ҷаҳон бо таносуби баландтарини ҳаҷми интиқоли маблағ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) шомил гардид.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ таносуби нисбатан балндтари ҳаҷми интиқоли маблағ ба ММД-ро дар Тонга (35,2%) ва Қирғизистон (33,6%) ба қайд гирифтаанд.

Пулҳое, ки соли 2018 ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд, ба 31%-и ММД-и соли гузашта баробар буда, бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон пас аз Тонга ва Қирғизистон қарор гирифтааст, гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва рушд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки соли гузашта ба Тоҷикистон 2,3 млрд. доллар маблағ интиқол дода шудааст. Ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта зиёда аз 7,3 млрд. долларро ташкил дода буд.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ қайд мекунанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қабили Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон "аз “устуворона барқарор шудани фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия, ки нуқтаи асосӣ барои муҳоҷирони тахассусашон паст аз ин давлатҳо мебошад, фоида диданд”.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2018 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2,5 млрд. доллар маблағ фиристодаанд, ки ба 34% аз ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта баробар аст.

Қобили зикр аст, ки Русия барои муҳоҷирони тоҷик бозори асосии кор боқӣ монда, тибқи маълумоти гуногун, айни замон шумори онҳо дар ин кишвар беш аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио