Сафари пешбинишудаи Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд мавқуф гузошта шуд

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд, ки дар он ҷо санаи 12 апрел баргузор намудани вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар буд, ба вақти дертар мавқуф гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ бо розигии сарони кишварҳо ба вақти дигар мавқуф гузошта шудааст. “Санаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд, ки дар он ҷо санаи 12 апрел баргузор намудани вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар буд, ба вақти дертар мавқуф гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ бо розигии сарони кишварҳо ба вақти дигар мавқуф гузошта шудааст.

“Санаи дақиқи вохӯрии пешбинишудаи сарони кишварҳои минтақа дар Тошканд алҳол маълум набуда, тариқи воситаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад”, – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин шакл аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо моҳи марти соли гузашта дар Остона пешниҳод гардида буд.

Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд сарҷамъ оянд.

Ба қавли як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон, сол аз сол Наврӯз дар кишварҳои минтақа васеъ таҷлил гадида, нақшаи кории президентҳо ҳам дар ин шабу рӯз зиёд аст, аз ин сабаб, роҳбарони кишварҳои минтақа қарор карданд, ки на дар арафаи Наврӯз, балки пас аз он гирдиҳам оянд.

Ҳадафи мулоқоти навбатӣ рушди ҳамкории ҳамаҷониба байни кишварҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод, нақлиёт, алоқа ва фарҳанг мебошад.

Дар мулоқоти аввалини машваратӣ, ки 15 марти соли 2018 дар Остона баргузор шуд, роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков  ва раиси Маҷлиси Туркманистон Акҷа Нурбердиев  иштирок карда буданд.

Он замон Шавкат Мирзиёев изҳор намуда буд, ки имрӯз дар муносибатҳои ҳамҷавории чандинасраи кишварҳои Осиёи Миёна саҳифаи нав боз гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.