Тоҷикистон сафири нави худро дар Эрон таъин кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президент ва қарорҳои ҳукумат Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президент ва қарорҳои ҳукумат Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Эрон таъин гардид.

Гуфта мешавад, Нозирӣ Хусрав аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Миср озод гардида, ба вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид. Қодирӣ Ардашер ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Малайзия таъин гардид.

Бо қарорҳои ҳукумат Сайфзода Шаҳло ва Ризвонзода Фирдавс муовинони раиси раёсати БДА «Амонатбонк», Бақозода Сайрам – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ, Мирзозода Ардашер – муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Трҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат Бобозода Ҳокимшоҳ – директори Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати ҶТ” ва Назирмадзода Бахтиёр – муовини якуми директори Агентии содироти назди ҳукумати ҶТ таъин гардиданд.

Зикр мегардад, ки мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Гуреззода Умед розигӣ дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.