ВКД ва КДАМ Тоҷикистон беҳтарин кормандони оперативиро муайян карданд

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов ба ғолибони озмуни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» байни кормандони ин ниҳодҳо туҳфа ва мукофотпулиҳо тақдим карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин озмун 20 нафар кормандони самти фаъолияти оперативӣ аз ВКД ва КДАМ иштирок намудаанд. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов ба ғолибони озмуни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» байни кормандони ин ниҳодҳо туҳфа ва мукофотпулиҳо тақдим карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин озмун 20 нафар кормандони самти фаъолияти оперативӣ аз ВКД ва КДАМ иштирок намудаанд.

Гуфта мешавад,  ба ғолибони ҷойи аввал – корманди қатории КДАМ Наргис Раҷабова ва капитани милитсия Авазҷон Саидов ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ  ва ғолибони ҷойи дуюм – корманди КДАМ прапоршик Беҳрӯз Воситов ва корманди ВКД капитани милитсия Анушервон Зоидзода ба маблағи  4 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.

Гуфта мешавад, ба соҳибони мақоми сеюм прапоршик Умаралии Файзалӣ аз КДАМ ва лейтенанти калони милитсия Довуд Сиҷоев аз ВКД 3 ҳазор сомонигӣ тақдим гардида, ҳамчунин, ба ду нафар парапоршик Турабой Давлатзода аз КДАМ ва лейтенанти милитсия Юсуф Шерализода нишони сарисинагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон «Корманди беҳтарини оперативӣ» супорида шуданд.

Дигар иштирокчиёни фаъол барои хизматҳои софдилона, содиқона зоҳир намудани дониши баланди назариявӣ-амалӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, саҳми арзанда дар баргузории чорабинӣ, инчунин ишғол намудани ҷойҳои намоён дар озмуни самти «Фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ» бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

Рамазон Раҳимзода зимни суханрониаш таъкид дошт, ки яке аз самтҳои хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба ҳисоб рафта, аз ин рӯ, гузаронидани чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҳамкорӣ дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои бадӯшдоштаи ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамояд.

Раиси КДАМ Саймумин Ятимов иброз дошт, ки натиҷаи ин сабқат, пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ миёни ҳамдигар баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ободии кишвар мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио