Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон бамаротиб қимат шуд

Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиниҳисорӣ №31 аз 4 март, рӯзҳои наздик дар ҳамаи операторони мобилии Тоҷикистон барои хизматрасониҳои мобилӣ ва интернет тарифҳои ягона ҷорӣ мешаванд. Алҳол танҳо ширкатҳои «Мегафон Тоҷикистон» и   “Tcell” дар бораи тағйири арзиши хизматрасонҳои мобилӣ ба муштариёни худ хабар доданд. “Ҷиҳати иҷрои Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, №31 аз 04.03.соли 2019 ба […]

Asia-Plus

Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиниҳисорӣ №31 аз 4 март, рӯзҳои наздик дар ҳамаи операторони мобилии Тоҷикистон барои хизматрасониҳои мобилӣ ва интернет тарифҳои ягона ҷорӣ мешаванд.

Алҳол танҳо ширкатҳои «Мегафон Тоҷикистон» и   “Tcell” дар бораи тағйири арзиши хизматрасонҳои мобилӣ ба муштариёни худ хабар доданд.

“Ҷиҳати иҷрои Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, №31 аз 04.03.соли 2019 ба арзиши хизматрасонии алоқаи мобилӣ тағйирот ворид карда мешавад, бинобар ин сабаб дар моҳи ҷорӣ нақшаи тарофаи Шумо иваз мегардад”, – огоҳӣ дода шуд дар смс-паёмакҳои ширкатҳо.

Дар бораи санаи дақиқи тағйири тарифҳо маълумот дода намешавад.

Ғафур Эркаев., раиси Ассотсиатсияи операторони мобилии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки тарифҳои нав дар муддати 10 рӯзи наздик ҷорӣ мешаванд.

“Вақте ки ҳама гуна тариф ҷорӣ мешавад, барои ин муҳлати фосилавӣ дода мешавад. Дар муддати 10 рӯз фармоиш ба иҷро хоҳад расид, вале чун ин фармоиши танзимкунандаи давлатӣ аст, ширкатҳо метавонанд дарҳол ҳам ин тарифҳоро ҷорӣ намоянд”, – иттилоъ дод Эркаев.

Бино ба гуфтаи ӯ, тарифҳои нав пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ қабул шуда, то он қадре ки имкон дошт, барои ҳимоя аз мушатриён сабуктар карда шуд.

Зикр гардид, ки арзиши 1 Мб интернет бе назардошти андозҳо на камтар аз 5 дирамро ташкил хоҳад дод.

То ин дам як гигабайт интернет дар операторони мобилии Тоҷикистон тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дошт. Аз 27 март нархи он бе назардошти андозҳои ғайримустақим 51 сомонӣ ва бо назардошти ААИ – 18% ва аксиз – 5% на камтар аз 63 сомонӣ (6,7 доллар)-ро ташкил хоҳад дод. Ин маънои онро дорад, ки интернет дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба қимат мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 4 ширкати бузурги операторони мобилӣ – «Мегафон», «Тселл»,  «Бабилон» ва «Билайн» амал мекунанд. Дар сомонаи ду ширкати охир дар бораи тарифҳои нав чизе маълумот дода нашудааст.

Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 4 март бояд аз санаи 27 март мавриди амал қарор мегирифт, лекин бо назардошти гуфтушунидҳо байни ин хадамот ва ширкатҳои мобилӣ ба таъхир гузошта шуд.

Ширкатҳои мобилӣ талош карданд, ки ба кам кардани тарифҳо барои интернет ноил гарданд, лекин, мутассифона, дар ниҳояти кор болоравии нарх сурат гирифт.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.