“Ризқамонро худамон меёбем”. Мардикорбозори занона дар Хатлон

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) бозори мардикорон амал мекунад, ки дар он натанҳо мардон, балки занон низ баҳри таъмини рӯзгори оила ба кор мебароянду омодаанд, ки барои музди ночизе иҷрои ҳама гуна корро ба уҳда гиранд. Онҳо ба ҷамъоварии пахта, хишова ва ҷамъоварии ҳосил дар полизу заминҳои кишт, тозаву ба тартиб […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, махсус барои Asia-Plus

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) бозори мардикорон амал мекунад, ки дар он натанҳо мардон, балки занон низ баҳри таъмини рӯзгори оила ба кор мебароянду омодаанд, ки барои музди ночизе иҷрои ҳама гуна корро ба уҳда гиранд.

Онҳо ба ҷамъоварии пахта, хишова ва ҷамъоварии ҳосил дар полизу заминҳои кишт, тозаву ба тартиб овардани ҳавлӣ ва хонаҳо, зарфшӯӣ ва дигар корҳои гуногун машғул шуда, кӯшиш мекунанд, ки аз бозор ба хонаҳояшон бо дасти холӣ барнагарданд. Пули коркардаи онҳо давоми рӯз то ба 30 сомонӣ мерасад.

Занони бозор мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ ҷамъшавии онҳоро дар ин макон тавсия надода, ваъда кардаанд, ки ҷойҳои кории нав ва қонунӣ барояшон пешниҳод мекунанд.

“Даҳҳо маротиба ба мо гуфтанд, ки корхонаҳои нав кушода, ҷойҳои кории нав таъсис медиҳанд, вале ин танҳо сухани холӣ асту халос. Мо дигар ба касе бовар надорем, ризқамонро худамон меёбем”, – мегӯянд онҳо.

Дар Раёсати шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Бохтар ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки аксари занони машғули кор дар ин бозор ҳатто маълумоти миёна надоранд.

“Занон ба кори пешниҳодкардаи Вазорати меҳнат, аз ҷумла фаррошӣ дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ бо маоши 500 сомонӣ дар як моҳ розӣ намешаванд”, – изҳор дошт мутахассиси ин раёсат Зиёдулло Маҷидзода.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.