Хушҳолӣ дар биҳишти лолаҳо: идомаи ҷашни “Сайри гули лола” дар Хуҷанд

Боғи фарҳангу фароғати ба номи Камоли Хуҷандӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд имрӯзҳо ба як атласи ҷолибе монанд шудааст: ин ҷо баҳорон беш аз 300 ҳазор бех лолаҳо шукуфтанд. Ҳамин миқдор бех лола имсол дар Тошканд ҳам шинонида шуд. Душберо бошад, айни замон 400 ҳазор навъҳои гуногуни гули лола оро медиҳанд. Мо ба шаҳри Хуҷанд […]

Asia-Plus

Боғи фарҳангу фароғати ба номи Камоли Хуҷандӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд имрӯзҳо ба як атласи ҷолибе монанд шудааст: ин ҷо баҳорон беш аз 300 ҳазор бех лолаҳо шукуфтанд. Ҳамин миқдор бех лола имсол дар Тошканд ҳам шинонида шуд. Душберо бошад, айни замон 400 ҳазор навъҳои гуногуни гули лола оро медиҳанд. Мо ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, бовар ҳосил кардем, ки ин ҷо ҳам на камтар аз пойтахт манзара хеле зебо аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ чанде қабл ба ин боғ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» иштирок кард, ки дар ҷараёни он зиёда аз 100 намуди лола, навъҳои гуногуни гулҳои ороишию ҳамешасабз ба намоиш гузошта шуд.

Имрӯзҳо ин боғ ба макони дӯстдоштаи сайругашти сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст. Хабарнигори мо низ ҳамроҳи хуҷандиҳо дар ин боғ сайругашт карда, дар бораи истироҳати мардум дар ин боғ гузориши тасвирӣ таҳия намуд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.