БМТ муҳлати иҷозатномаи “Тоҷ-Аудит”-ро тамдид накард

Date:

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дархости ширкати аудитории “Тоҷ-Аудит”-ро дар мавриди дароз кардани муҳлати иҷозатнома барои фаъолият дар бозори дохилӣ қонеъ накард. Сабаби инро дар Бонки миллӣ ба “риоя нагардидани талаботи иҷозатномадиҳӣ” шарҳ медиҳанд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, бо қарори раёсати Бонки миллӣ аз 12 апрел, ба Департаменти назорати бонкӣ дастур дода шудааст, дар ин робита дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Ҳамин тариқ, баъди рад шудани дархости “Тоҷ Аудит”, дар ин феҳрист 10 ширкат боқӣ мемонанд: ҶДММ «Делойт ва Туш», ҶДММ «Консультант аудит», ҶДММ «БДО», ҶДММ «Бейкер Тилли Таджикистан», ҶДММ «Кроу Хорват ЭЙСИДЖИ», Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder, ҶДММ «Аудит-Консалтинг», ҶДММ «РСМ Таджикистан», ҶДММ «КРЕСТОН АС», ШММ «КПМГ Аудит».

Боз як ширкат (ҶДММ “Шарқ-Аудит”) барои баргузор намудан аудити ташкилотҳои қарзии хурд иҷозатнома дорад.

Ширкати “Тоҷ-Аудит” давоми фаъолияти худ як қатор санҷишҳои маҷмӯавии аудиторӣ баргузор намуда, ҳамчунин чандин хизматрасонҳои машваратӣ ва дигар навъҳои хизматгузории марбту ба фаъолияти аудиториро анҷом додааст.

Маҳз ҳамин ширкат санҷиши дурустии анҷоми амалиёти муҳосибӣ дар бонкҳо, санҷишҳои аудиториро дар ташкилотҳои қарзии хурди сершумор доир намудааст. Дар баробари ин, ҳамин ширкат аудити маҷмӯавиро дар чанде аз бонкҳои бузурги кишвар доир карда буд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...