БМТ муҳлати иҷозатномаи “Тоҷ-Аудит”-ро тамдид накард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дархости ширкати аудитории “Тоҷ-Аудит”-ро дар мавриди дароз кардани муҳлати иҷозатнома барои фаъолият дар бозори дохилӣ қонеъ накард. Сабаби инро дар Бонки миллӣ ба “риоя нагардидани талаботи иҷозатномадиҳӣ” шарҳ медиҳанд. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, бо қарори раёсати Бонки миллӣ аз 12 апрел, ба Департаменти назорати бонкӣ дастур дода шудааст, дар […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дархости ширкати аудитории “Тоҷ-Аудит”-ро дар мавриди дароз кардани муҳлати иҷозатнома барои фаъолият дар бозори дохилӣ қонеъ накард. Сабаби инро дар Бонки миллӣ ба “риоя нагардидани талаботи иҷозатномадиҳӣ” шарҳ медиҳанд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, бо қарори раёсати Бонки миллӣ аз 12 апрел, ба Департаменти назорати бонкӣ дастур дода шудааст, дар ин робита дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Ҳамин тариқ, баъди рад шудани дархости “Тоҷ Аудит”, дар ин феҳрист 10 ширкат боқӣ мемонанд: ҶДММ «Делойт ва Туш», ҶДММ «Консультант аудит», ҶДММ «БДО», ҶДММ «Бейкер Тилли Таджикистан», ҶДММ «Кроу Хорват ЭЙСИДЖИ», Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder, ҶДММ «Аудит-Консалтинг», ҶДММ «РСМ Таджикистан», ҶДММ «КРЕСТОН АС», ШММ «КПМГ Аудит».

Боз як ширкат (ҶДММ “Шарқ-Аудит”) барои баргузор намудан аудити ташкилотҳои қарзии хурд иҷозатнома дорад.

Ширкати “Тоҷ-Аудит” давоми фаъолияти худ як қатор санҷишҳои маҷмӯавии аудиторӣ баргузор намуда, ҳамчунин чандин хизматрасонҳои машваратӣ ва дигар навъҳои хизматгузории марбту ба фаъолияти аудиториро анҷом додааст.

Маҳз ҳамин ширкат санҷиши дурустии анҷоми амалиёти муҳосибӣ дар бонкҳо, санҷишҳои аудиториро дар ташкилотҳои қарзии хурди сершумор доир намудааст. Дар баробари ин, ҳамин ширкат аудити маҷмӯавиро дар чанде аз бонкҳои бузурги кишвар доир карда буд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.