Сохтмони корхонаи истеҳсоли машрубот дар Душанбе

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 25 апрел маросими баимзорасонии    «Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ "Авесто Гурӯҳ" оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии "Сиёма» дар шаҳри Душанбе" баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Тоҷикистон, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 25 апрел маросими баимзорасонии    «Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ "Авесто Гурӯҳ" оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии "Сиёма» дар шаҳри Душанбе" баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноатикунонии кишвар, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чорум эълон гардидааст, равона карда шудааст.

Гуфта мешавад, амалисозии лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

“Аз ҷониби ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ анҷом дода мешавад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки муҳлати амали созишнома аз рӯзи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 10 солро дар бар гирифта, зимни татбиқи лоиҳа талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишвар аз тарафи Сармоягузор пурра риоя мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҶДММ “Авесто Гурӯҳ”  дар ҳамдастӣ бо ширкати туркии Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi дар Душанбе корҳои васлу насби автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст.

Боз як лоиҳаи “Авесто Гурӯҳ” роҳандозии барномаи CityCard – пардохти ғайринақдии маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.