Ду собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон ба сафорооии низомии Санкт-Петербург мераванд

Бо даъвати мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербурге ду собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз вилояти Суғд ба тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 74-умин солгарди Ғалаба ба ин шаҳр мераванд. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Раҳмат Қудратов хабар дод, чорабиниҳо санаи 9 май дар пойтахти шимолии Россия доир гардида, собиқадорони ҶБВ Раҳимбой Раҳматов ва Абдуҳаким […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо даъвати мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербурге ду собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз вилояти Суғд ба тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 74-умин солгарди Ғалаба ба ин шаҳр мераванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Раҳмат Қудратов хабар дод, чорабиниҳо санаи 9 май дар пойтахти шимолии Россия доир гардида, собиқадорони ҶБВ Раҳимбой Раҳматов ва Абдуҳаким Абдусаминов рӯзи 7 май ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор мешаванд.

Бино ба гуфтаи Қудратов, собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон ҳамроҳи дигар иштирокчиён савори автомашинаҳои замони ҷанг аз гузашти низомӣ мегузаранд.

Қобили зикр аст, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.