Буҷети лоиҳаҳои таъмиру бунёди роҳҳо дар Тоҷикистон беш аз 575 млн. долларро ташкил медиҳад

Айни замон дар Тоҷикистон 10 лоиҳа оид ба сохтмон ва таъмиру навсозии зербинои роҳҳои автомобилгард мавриди амалишавӣ қарор дорад. Маблағи умумии лоиҳаҳои зикршуда беш аз 575 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Лоиҳаҳо аз ҳисоби қарзҳои ҷалбшуда (наздики 60% аз маблағи умумӣ), грантҳо (беш аз 30%) ва ҳамчунин ҳиссаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Айни замон дар Тоҷикистон 10 лоиҳа оид ба сохтмон ва таъмиру навсозии зербинои роҳҳои автомобилгард мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Маблағи умумии лоиҳаҳои зикршуда беш аз 575 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Лоиҳаҳо аз ҳисоби қарзҳои ҷалбшуда (наздики 60% аз маблағи умумӣ), грантҳо (беш аз 30%) ва ҳамчунин ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон (наздики 10%) татбиқ шуда истодаанд. Аз оғози амалисозии лоиҳаҳо аз ҷониби ширкатҳои паймонкор зиёда аз 200 млн. доллар аз ин маблағ азхуд шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, айни замон корҳои таъмиру навсозии роҳҳои Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон (қитъаи роҳ аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе), Душанбе – Бохтар (марҳилаи аввал), Восеъ – Ховалинг, Кангурт – Балҷувон – Ховалинг, Хуҷанд – Исфара ва Конибодом – Патар ҷараён дорад.

Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб (қитъаи Кӯлоб – Ш.Шоҳин, Шкев – Қалъаи Хумб), ҳамчунин сохтмони пулу нақбҳо дар роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, айвончаҳои зиддитармавӣ дар роҳи Душанбе – Чанок идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.