Лағжиши кӯҳпораи азим роҳи Душанбе-Хуҷандро баст

Роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари лағжиши як кӯҳпора дар километри 119-ум баста аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати IRS. Бино ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз дар километри 119- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омада, дар натиҷаи ин ҳодиса қитъаи зикршудаи роҳ фурӯ рафтааст. Гуфта мешавад, ба назари мутахассисони соҳа, ин қитъаи роҳро […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари лағжиши як кӯҳпора дар километри 119-ум баста аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати IRS.

Бино ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз дар километри 119- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омада, дар натиҷаи ин ҳодиса қитъаи зикршудаи роҳ фурӯ рафтааст.

Гуфта мешавад, ба назари мутахассисони соҳа, ин қитъаи роҳро аз нав бунёд кардан лозим меояд.

– Аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳолат кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидор ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, бартарафсозии кӯҳпора идома дорад, – омадааст дар маълумоти ширкат.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуда, ҷиҳати ҳарчи зудтар барқарор намудани рафтуомади воситаҳои нақлиёт тариқи ин роҳ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Котиби матбуотии филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон Далер Мерганов ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки кормандони ширкат барои ҳадди ақал таъмин кардани равуои нақлиёт бо тартиби яктарафа то нимаи ҳамин рӯз кӯшиш хоҳанд кард.

“Яъне ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи як хати гузар бонавбат аз ду самт иҷоза дода мешавад”, – хабар дод Мерганов.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.