Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Россия

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав имрӯз ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттиллои АМИТ “Ховар”, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки “Хабари ба амал омадани ҳолати фавқулода ҳангоми фуруди ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Шереметево, ки сабаби ҳалок шудани даҳҳо нафар шаҳрвандон гардид, моро сахт андӯҳгин намуд”.

“Дар робита ба ин фоҷеа тасаллияти амиқи худро ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Россия иброз намуда, хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед», – изҳори ҳамдардӣ мешавад бар барқия.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100-и ширкати “Аэрофлот” дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав 41 нафар ба ҳалокат расид. Аз 78 нафар шахсони дар ҳавопаймо қарордошта 37 нафар – 33 мусофиру 4 аъзои сарнишинон зинда мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...