Фестивали фарҳангӣ-фароғатии “Сад ранги чакан” дар Душанбе

Дар толори Муассисаи давлатии   "Аҳорун"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, мақсад аз баргузор намудани фестивал баланд бардоштани мақому манзалати либосҳои миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, тоқидӯзиву […]

Дар толори Муассисаи давлатии   "Аҳорун"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, мақсад аз баргузор намудани фестивал баланд бардоштани мақому манзалати либосҳои миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, тоқидӯзиву ҷувздонҳо ва дар ин замина эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад.

Гуфта мешавад, намоишгоҳ ба ҳунари чакан бахшида шуда, дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, ба шумули либосу  лавозимоти хонадорӣ, ба мисли курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, камарбанд, хурҷин ва ғайра, ки бо нақшу нигори гуногун аз қабили косагул, аштак, гули анор, барг, баргак, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак ва намунаҳои дигари санъати чакандӯзӣ оро дода шуда буданд, ба маъраз гузошта шуд.

Зикр мегардад, ки Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи худ, ки дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий баргузор гардид, «чакан»-и тоҷиконро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.