Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои табиӣ 50 млн. доллар медиҳад

Ба ҳаёт ва некӯаҳволии беш аз 70 млн. нафар аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ хатари офатҳои табиии харобиоваре аз қабили заминларза, обхезӣ, тармаву селфароӣ таҳдид мекунанд, зикр кардаанд мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, зарари оқибатҳои офатҳои табиӣ ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон назаррасанд. Гуфта мешавад, давоми солҳои 1992-2016 зиёни иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ […]

Ба ҳаёт ва некӯаҳволии беш аз 70 млн. нафар аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ хатари офатҳои табиии харобиоваре аз қабили заминларза, обхезӣ, тармаву селфароӣ таҳдид мекунанд, зикр кардаанд мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, зарари оқибатҳои офатҳои табиӣ ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон назаррасанд.

Гуфта мешавад, давоми солҳои 1992-2016 зиёни иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1,8 млрд. долларро ташкил дода, қариб 7 млн. нафар аз ин офатҳо осеб дидаанд.

Мувофиқи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ оид ба заминларза ва обхезӣ, ба ҳисоби миёна талафоти солона аз обхезӣ то ба 1,4%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аз заминларза – то 5% расида метавонанд.

Қайд мешавад, ки дар доираи лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маблағгузории стратегӣ баъди офатҳо таҳия мешавад, ки ба ҳукумат дар беҳбуди тарҳрезии молиявӣ барои офатҳои табиӣ кумак мекунад.

Барои амалисозии ин лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 50 млн. доллар маблағ ҷудо карда, дар он таҷдиди кори марказҳои идорвкунии вазъҳои буҳронӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин он ба баланд бардоштани имконоти  Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар арзёбии дақиқтари хатари офат, дастгирӣ ба омода кардани стратегияи ҳифзи молиявӣ барои сабуктар сохтани оқибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...