Миёни фавтидагон дар садамаи ҳавопаймо дар Шереметево шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳузур дошт

Байни фавтидагон дар садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомии вилояти Хатлон Фатҳуддин Қурбонбекзодаи 28-сола низ ҳузур дорад. Маълумот дар бораи ҳалок шудани шаҳрванди Тоҷикистонро Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия оид ба муҳоҷират тасдиқ намуд. Бино ба гуфтаи ӯ, тоҷикистонии ҳалокшуда […]

Asia-Plus

Байни фавтидагон дар садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомии вилояти Хатлон Фатҳуддин Қурбонбекзодаи 28-сола низ ҳузур дорад.

Маълумот дар бораи ҳалок шудани шаҳрванди Тоҷикистонро Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия оид ба муҳоҷират тасдиқ намуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, тоҷикистонии ҳалокшуда дар садамаи ҳавопаймо шаҳрвандии Русияро ҳам доштааст.

“Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Россия бо наздикону пайвандони Фатҳуддин Қурбонбекзода дар Тоҷикистон дар тамос шуда, баҳри дар фурсати кӯтоҳтарин ба ватан фиристодани ҷасади ӯ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд”, – гуфт ӯ дар суҳбат.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100-и ширкати “Аэрофлот” дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав 41 нафар ба ҳалокат расид. Аз 78 нафар шахсони дар ҳавопаймо қарордошта 37 нафар – 33 мусофиру 4 аъзои сарнишинон зинда мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.