Дзюдочиёни тоҷик ба шаҳри Боку раҳсипор мешаванд

Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон рӯзҳои 10-12 май мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам (“Baku Grand Slam-2019”) оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он 3 паҳлавони тоҷик иштирок мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа иштироки 469 варзишгар (281 мард, 188 зан) аз 58 кишвари […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон рӯзҳои 10-12 май мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам (“Baku Grand Slam-2019”) оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он 3 паҳлавони тоҷик иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа иштироки 469 варзишгар (281 мард, 188 зан) аз 58 кишвари дунё дар назар аст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгари шинохта – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг намояндагӣ мекунанд.

“Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон – сурат мегирад ва варзишгарон сазовори холҳои олимпӣ мегарданд. Аз ҷумла, барои иштирок 5 хол, барои як пирӯзӣ 50 хол, барои ду пирӯзӣ 60 хол, барои се пирӯзӣ 80 хол, барои ҷои 7-ум 130 хол, барои ҷои панҷум 180 хол, барои ҷои сеюм 250 хол, барои ҷои дуюм 350 хол ва барои ҷои якум 500 хол пешбинӣ шудааст”, – омадааст дар хабари Кумита.

Қайд мешавад, ки чун анъана варзишгарон дар баробари ба даст овардани медал, бо ҷоизаи пулӣ низ қадрдонӣ мешаванд. Варзишгарон барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ ба даст меоранд.

Зимнан зикр мегардад, ки феълан дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳ Устопириён дар ҷои 14-уми вазни -90кг, Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 29-уми вазни -73кг ва Шакармамад Мирмамадов дар ҷои 50-уми вазни +100кг мавқеъ доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.