Дар Туркманистон камчинии инсулин ба мушоҳида мерасад

Date:

Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон камчинии инсулин мушоҳида мешавад. Доруи барои беморони қанд ҳаётан муҳим дар дорухонаҳои хусусӣ пайдо намешавад ва дар дорухонаҳои давлатӣ барои инсулин навбатпоии тӯлонӣ дида мешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, инсулинро дар Туркманистон бо дорухати табиб ва бо миқдори маҳдуд мефурӯшанд. Ин рӯзҳо пушти дари дорухонаҳои давлатӣ барои харидани инсулин навбатпойии тӯлонӣ дида мешавад.

"Барои мисол, агар ба бемори қанд табиб 5 ҳабби инсулин тавсия диҳад, дар дорухона ҳамагӣ то 3 ҳаб медиҳанд. Агар 3 ҳаб нависад, пас дар дорухона 2 ҳаб медиҳанд. Аммо агар бемор аз хона берун шуда натавонад, дар дорухона ба наздикони вай дору намефурӯшанд", – нақл кардааст як шоҳиди ҳодиса.

Гуфта мешавад, сокинони Туркманистон бештар аз як сол аст, ки бо камбуди дору рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар баробари камчинӣ инчунин қимати доруҳо боло меравад ва мақомот монеи ворид кардани дору аз хориҷ мешаванд.​

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...