Ҷоми КФО-2019: “Истиқлол” ва “Хуҷанд” шикаст хӯрданд

Дар даври чоруми мусобиқаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2019 дастаҳои Тоҷикистон ба шикаст дучор шуданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрии “Истиқлол”-и Душанбе бо “Дордой” дар Бишкек бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи соҳибони майдон ва бозии “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Олтин Асир” дар Ашқобод бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи […]

Asia-Plus

Дар даври чоруми мусобиқаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2019 дастаҳои Тоҷикистон ба шикаст дучор шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрии “Истиқлол”-и Душанбе бо “Дордой” дар Бишкек бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи соҳибони майдон ва бозии “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Олтин Асир” дар Ашқобод бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони туркман анҷом ёфт.

Акнун рақобат барои пирӯзӣ дар гурӯҳ шиддат гирифт. Пас аз чор давр “Истиқлол” бо касби 7 имтиёз пешсафи ҷадвал буда, зинаи дуюмро бо 6 хол “Олтин Асир” ишғол мекунад. Зинаҳои манбаъдаро “Хуҷанд” ва “Дордой” ишғол мекунанд, ки ҳарду 4-имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Ду даври боқимонда ҳалкунанда хоҳанд шуд. Дар даври панҷум рӯзи 19 июн “Хуҷанд” дар майдони худ дастаи “Истиқлол”-ро қабул намуда, ҳамин рӯз дар Ашқобод “Олтин Асир” ва “Дордой” бозӣ мекунанд.

Бозиҳои даври 6-уми охирин дар гурӯҳ санаи 26 июн доир мегарданд. “Истиқлол” дар Душанбе “Олтин Асир”-ро ба меҳмонӣ пазируфта, бозии “Хуҷанд” бо “Дордой” дар Бишкек баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки танҳо ғолиби гурӯҳи “D” ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқаи Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.