Баррасии масъалаҳои адами интишори силоҳи қатли ом дар FSC таҳти раёсати Тоҷикистон

Дар қасри Ҳофбург, Вена 15 май таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи умумии навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) баргузор гардид. Ҷаласа ба баррасии раванди татбиқи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ 1540 (масъалаҳои адами интишори силоҳи қатли ом) бахшида шуда буд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар нишасти мазкур директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи […]

Asia-Plus

Дар қасри Ҳофбург, Вена 15 май таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи умумии навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) баргузор гардид. Ҷаласа ба баррасии раванди татбиқи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ 1540 (масъалаҳои адами интишори силоҳи қатли ом) бахшида шуда буд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар нишасти мазкур директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидов ба ҳайси гузоришгари калидӣ роҷеъ ба раванди татбиқи муқаррароти қатъномаи Шӯрои Амният СММ 1540 дар кишвари мо гузориш ироа намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҷаласаи умумӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирии интишори силоҳи қатли ом, аз қабили силоҳи ҳаставӣ, химиявӣ ва биологӣ, фановариҳои таҳвили онҳо, инчунин масъалаҳои рафъи мушкилот ва чолишҳо дар ин самт баррасӣ гардиданд.

Дар суханронии худ намояндаи Тоҷикистон роҷеъ ба қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавии мавҷуда, ки масъалаҳои адами интишори силоҳи қатли ом ва назорати содироти онҳоро дар Тоҷикистон ба танзим медароранд, ба кишварҳои узви САҲА гузориши муфассал ироа кард.

Ширкаткунандагони ҷаласа бо сохтори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба пешгирии интишори силоҳи қатли ом ва назорати содирот барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон, ки дар шаҳри Душанбе мустақар буда, барои таълиму тадриси коршиносони соҳа дар минтақа саҳми сазовор мегузорад, шинос карда шуданд.

Гузашта аз ин, И. Мирсаидов роҷеъ ба лоиҳаҳои марбут ба пешгирӣ аз интишори силоҳи қатли ом ва назорати содироти он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ татбиқ гардидаанд, маълумот пешниҳод кард.

Ҷаласаи мазкур, ки ба 25-умин солгарди тасвиби Усулҳои САҲА роҷеъ ба танзими адами интишор (аз 3 декабри соли 1994) рост омад, заминаи мусоидро ҷиҳати муҳокимаи чораҳои амалӣ роҷеъ ба таҳкими мусоидати САҲА дар татбиқи барномаҳои ихтиёрии миллӣ дар пасманзари омодагиҳо ба арзёбии фарогири раванди татбиқи қатъномаи 1540, ки соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, фароҳам овард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.