Аз соли 2014 Япония ба Осиёи Марказӣ 25 млрд. доллар ҷудо кард

Ёвари котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Япония Натсуко Саката аз рӯи натиҷаҳои рӯзи аввали кори Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” (18-19 май, Душанбе) бо намояндагони васоити ахбори умуми Тоҷикистон вохӯрӣ барпо намуд. “Баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар самтҳои гуногун Япония ба иқтисоди панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ наздики 25 млрд. доллар […]

Нигора Фазлиддин, Asia-Plus

Ёвари котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Япония Натсуко Саката аз рӯи натиҷаҳои рӯзи аввали кори Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” (18-19 май, Душанбе) бо намояндагони васоити ахбори умуми Тоҷикистон вохӯрӣ барпо намуд.

“Баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар самтҳои гуногун Япония ба иқтисоди панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ наздики 25 млрд. доллар маблағ сармоягузорӣ намуд”, – хабар дод ба журналистол Натсуко Саката.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз соли 2014 то имрӯз лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту тиб ва бахши кишоварзӣ татбиқ шуда, ба ин самтҳо ва ҳамчунин дигар соҳаҳо кумаки техникӣ расонида шудааст.

Ба қавли Натсуко Саката, дар доираи се иҷлосияи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Қазоқистон Бейбут Отамқулов, Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Ҳоҷиев ва вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно масъалаҳои ҳамкории амалии кишварҳои аъзои Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” дар бахшҳои сайёҳӣ, савдо, сармоягузорӣ ва рушд, амнияти минтақавӣ баррасӣ шуданд.

“Ба масъалаи муҳимияти ноил гардидан ба сулҳу субот дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар ин самт ҷонибҳо идомаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Маркзиро бо Япония дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, терроризм ва ифротгароӣ, ки натанҳо барои кишварҳои минтақа, балки ба сурати умум ба саросари дунё хатар эҷод мекунанд, зарур донистанд”, – қайд кард Саката.

Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки лоиҳаи бузургтарини ҳукумати Япония дар Тоҷикистон лоиҳаи сохтмону навсозии роҳи автомобилгард дар ҷануби кишвар мебошад, ки ҳаҷми буҷети он наздики 30 млн. долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.