ВКД рӯйхати ҳалокшудагонро дар ошӯби зиндони Ваҳдат нашр кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати маҳкумшудагонеро, ки дар бетартибиҳои шаби 19 ба 20 майи соли 2019 дар муассисаи 3/2 СРИҶ безарар гардонида шуда ва фавтидаанд, нашр кард. Дар ин рӯйхат 17 маҳбуси маҳкумшуда барои робита бо “Давлати исломӣ”, 3 нафар – барои робита бо гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, 3 тан барои узвият дар Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати маҳкумшудагонеро, ки дар бетартибиҳои шаби 19 ба 20 майи соли 2019 дар муассисаи 3/2 СРИҶ безарар гардонида шуда ва фавтидаанд, нашр кард.

Дар ин рӯйхат 17 маҳбуси маҳкумшуда барои робита бо “Давлати исломӣ”, 3 нафар – барои робита бо гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, 3 тан барои узвият дар Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ ва 2 узви “Ҳаракати исломии Туркистон” зикр шудаанд.

Дар рӯйхат ҳамчунин ду маҳбуси барои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкумшуда, як нафар – барои роҳзанӣ ва ҳамчунин рӯҳонӣ “Шайх Темур”, ки аз ҷониби ошӯбгарон кушта шуд, ҷой доранд.

Рӯйхати мазкур бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон қабалан дар робита ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат иттилоъ дода буд, ки ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд.

Зикр гардида буд, ки гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ — майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовичро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбусони дигарро латукӯб ва захмӣ карданд.

Дар маълумот қайд шуда буд, ки дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст