Тоҷикистон аз Корпоратсияи байнулмилалии исломӣ қарзи калон мегирад

Корпоратсияи байнулмилалии исломӣ оид ба маблағгузорӣ ба савдо (ITFC) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 150 млн. доллар қарз медиҳад. Лоиҳаи дахлдори созишномаи қолабиро аввали моҳи май ҳукумати Тоҷикистон маъқул шуморидааст. Қарзи мазкури имтиёзнокро Тоҷикистон пас аз имзо ва тасдиқи созишнома дар парлумон дар муддати се сол (ҳамасола 50 мл. долларӣ) дастрас мекунад. Дар назар аст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корпоратсияи байнулмилалии исломӣ оид ба маблағгузорӣ ба савдо (ITFC) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 150 млн. доллар қарз медиҳад. Лоиҳаи дахлдори созишномаи қолабиро аввали моҳи май ҳукумати Тоҷикистон маъқул шуморидааст.

Қарзи мазкури имтиёзнокро Тоҷикистон пас аз имзо ва тасдиқи созишнома дар парлумон дар муддати се сол (ҳамасола 50 мл. долларӣ) дастрас мекунад.

Дар назар аст, ки ин воситаҳо ба маблағгузории воридоти маҳсулот, корҳои пеш аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини маблағгузорӣ ба ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои қарзӣ баҳри додани қарз ба бахши хусусӣ, маблағгузории мустақими ширкатҳои хусусии ҷудогона барои воридоти маҳсулоти ниёзи навбати аввал ва ҳамчунин маблағгузории лоиҳаҳо оид ба кумаки техникӣ равона карда мешаванд.

Ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки созишномаи мазкурро аз номи ҳукумат ба имзо расонида, дар сурати зарурат ба матни лоиҳа тағйироту иловаҳое, ки хусусияти усулӣ надоранд, ворид намояд.

Мувофиқаи санад бо ITFC ва таъини санаву ҷойи имзои созишнома бо тартиби муқарраршуда ба дӯши Вазорати корҳои хориҷии кишвар вогузор шудааст.

Корпоратсияи байнулмилалии исломии савдо ва молия (ITFC) ташкилоти мухтор дар ҳайати Бонки исломии рушд мебошад. Корпоратсия баҳри пешбурд ва рушди савдо бо мақсади беҳбуди шароитҳои иқтисодӣ ва афзоиши сатҳи даромади аҳолии кишварҳои исломӣ таъсис дода шудааст. ITFC ба фаъолияти худ аз моҳи январи соли 2008 оғоз бахшида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст