Маҳкумияти ғоратгарони тоҷики мусаллаҳ бо бел дар Русия

Суди ноҳияи Дзержинскии вилояти Калугаи Русия як гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба ғорати як манзил дар ин вилоят даст задаву дар натиҷа як нафар кушта шуда буд, ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Фергана бо истинод ба сомонаи расмии прокуратураи вилояти Калуга. Чор тан аз аъзои ин гурӯҳ ба муҳлатҳои аз 9 […]

Суди ноҳияи Дзержинскии вилояти Калугаи Русия як гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба ғорати як манзил дар ин вилоят даст задаву дар натиҷа як нафар кушта шуда буд, ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Фергана бо истинод ба сомонаи расмии прокуратураи вилояти Калуга.

Чор тан аз аъзои ин гурӯҳ ба муҳлатҳои аз 9 то 12 соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми аз 100 то 120 ҳазор рубл маҳкум шуданд. Ҳамчунин аз маҳкумшудагон ба фоидаи ҷабрдидаҳо маблағи зиёни моддӣ ва маънавӣ ситонида мешавад.

Ин ҳодиса санаи 10 июли соли 2017 ба вуқӯъ пайвастааст. Гурӯҳи иборат аз 9 нафари мусаллаҳ бо ашёҳои гуногун, аз ҷумла бел, шабона бо автомашинаҳо ба деҳаи Учхози ноҳияи Дзержинск омада, бо ниқоби тиббӣ дар рӯйҳояшон ба ғорати манзили соҳибкори маҳаллӣ даст мезананд.

Онҳо ба моликони манзил таҳдиду ҳамла карда, дар натиҷа падари соҳибхоназан аз зарбаҳои бел ҳалок мешавад ва дигар аъзои ин оила захму ҷароҳат мегиранд. Ғоратгарон 400 ҳазор рублро дуздида, то ҳозир шудани кормандони пулис аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Муфаттишон муайян кардаанд, ки ҳамаи шаҳрвандони ба ғоратгарӣ дастзадаи Тоҷикистон барои пулкоркунӣ ба Русия омадаанд. Яке аз ҳамлагарон пештар корҳои сокинони деҳаи Учхозро ба иҷро расонида, маҳз бо ҳидояти ӯ ба хонаи ин соҳибкор ғоратгарӣ сурат гирифтааст. Ӯ дар Калуга ва чор нафар ҳаммаслаконаш дар Маскав боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, парванда нисбати боз як боздоштшудаи тоҷикистонӣ алоҳида баррасӣ мешавад. Чор нафари дигари ҷиняткорони дар ин амал дастдошта, аз ҷумла саркардаи гурӯҳ мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.