Рӯзҳои наздик обуҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад

Дар давраи аз 23 то 25 май дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид дар назар буда, аз 10-15 дараҷа поинравии ҳарорат рӯзона дар водиҳо интизорӣ меравад. То охири ҳафта ба ҷуз ВМКБ, дар дигар минтақаҳо боронҳои шадид, эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешбинӣ мешавад, огоҳ мекунанд обуҳавошиносони ҷумҳурӣ. Дар сомонаи Агентии обуҳавошиносии […]

Дар давраи аз 23 то 25 май дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид дар назар буда, аз 10-15 дараҷа поинравии ҳарорат рӯзона дар водиҳо интизорӣ меравад.

То охири ҳафта ба ҷуз ВМКБ, дар дигар минтақаҳо боронҳои шадид, эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешбинӣ мешавад, огоҳ мекунанд обуҳавошиносони ҷумҳурӣ.

Дар сомонаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин робита огоҳӣ нашр шуда, зикр мегардад, ки рӯзҳои 22-23 май дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) эҳтимолияти вазидани шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 15-20м/с, авҷи он дар қисмати ҷанубии вилояти Хатлон то 24м/с ва ба амал омадани тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Гуфта мешавад, бо сабаби шиддатнокии шамол дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Рӯзи 23 май дар Душанбе ҳавои абрнок ва боридани борону жола ва эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ пешгӣ шудааст. Ҳарорат шабона 13-15 ва рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.