Гӯштфурӯшони корчаллони бозори Панҷшанбе гӯшти говҳои мурдаро ба хуҷандиҳо фурӯхтанӣ буданд

Чанд тан аз сокинони вилояти Суғд ният доштанд, ки наздики 6 тонна гӯшти говҳои мурдаро дар бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд фурӯшанд, лекин корашон барор нагирифта, саривақт дастгир шуданд. Ин ҳодиса санаи 14 май рух додааст: зимни баргузории рейд аз ҷониби кормандони нозироти санитариву эпидемиологии вилоят, маркази бехатарии озуқаворӣ ва КДАМ дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, […]

Asia-Plus

Чанд тан аз сокинони вилояти Суғд ният доштанд, ки наздики 6 тонна гӯшти говҳои мурдаро дар бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд фурӯшанд, лекин корашон барор нагирифта, саривақт дастгир шуданд.

Ин ҳодиса санаи 14 май рух додааст: зимни баргузории рейд аз ҷониби кормандони нозироти санитариву эпидемиологии вилоят, маркази бехатарии озуқаворӣ ва КДАМ дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи мошингарди Ашт-Хуҷанд автомашина бо 27 сар говҳои мурда (наздики 6 тонна) боздошт мешавад.

Дар ин бора дар шабакаи давлатии телевизиони вилояти Суғд гузориш пахш гардида, қайд шуд, ки дар ин робита 4 нафар боздошт шудаанд, ки ин гӯштро дар бозори марказии вилоят – Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ба фурӯш бароварданӣ будаанд.

Дар он зикр гардид, ки фурӯшандагони бозор 27 сар чорвои мурдаро дар Ашт харидаанд: онҳо ба фурӯши минбаъдаи гӯшти чорвои мурда розӣ шуда, ба ин ноҳия меоянд, аммо ҳангоми бозгашт ба Хуҷанд бо борашон боздошт мешаванд.

Қайд шуда буд, ки ин чорво бар асари заҳролудшавӣ аз каролин ҳаром мурда, агар ба дасти харидорон мерасид, ба заҳролудшавии одамон боис мегардид.

Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 209 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол дар вилояти Суғд беш аз 100 тонна маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ, аз ҷумла 47 тонна гӯшти мурғи қимашуда мусодира гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.