Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Австрия боз мешаванд

Дар шаҳри Душанбе имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон боз мешаванд. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як силсила чорабиниҳо доир мегарданд. Бо намоиши филми ҳунарии австриягии “Муҳоҷират” бо навиштаҷоти зер бо забони русӣ дар кинотеатри “Зебуннисо” имрӯз ба ин чорабиниҳо ҳусни оғоз бахшида мешавад. Рӯзи 23 май дар толори […]

Дар шаҳри Душанбе имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон боз мешаванд.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як силсила чорабиниҳо доир мегарданд. Бо намоиши филми ҳунарии австриягии “Муҳоҷират” бо навиштаҷоти зер бо забони русӣ дар кинотеатри “Зебуннисо” имрӯз ба ин чорабиниҳо ҳусни оғоз бахшида мешавад.

Рӯзи 23 май дар толори асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асарҳои рассоми маъруфи Австрия Густав Климт барпо мегардад.

Силсилаи чорабиниҳо ба ин муносибат бо консерти мусиқии классикӣ рӯзи 24 май дар толори Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон хотима меёбад.

Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон бо ибтикори сафоратхонаи Австрия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон, Қазоқистон) дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифу илм ва таҳқиқоти Австрия ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.