Ширкати «Оlu4a-Taxi» шарики нави Федератсияи футболи Тоҷикистон

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Олуча-Авто” то охири сол дар бораи шарикӣ шартнома бастанд. Шарномаро роҳбари департаменти маркетинг ва робита бо ҷомеаи ФТТ Комрон Ҳусейнов ва директори генералии ҶДММ «Олуча-Авто» Зафар Қодиров ба имзо расониданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ФФТ. “Шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон шудан барои мо ифтихор аст. Шартномаи имзошуда […]

Asia-Plus

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Олуча-Авто” то охири сол дар бораи шарикӣ шартнома бастанд.

Шарномаро роҳбари департаменти маркетинг ва робита бо ҷомеаи ФТТ Комрон Ҳусейнов ва директори генералии ҶДММ «Олуча-Авто» Зафар Қодиров ба имзо расониданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ФФТ.

“Шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон шудан барои мо ифтихор аст. Шартномаи имзошуда барои дурнамои ҳамкориҳо имконоти густарда фароҳам месозад. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар арсаҳои байнулмилалӣ комёбиҳо орзу мекунам. Ба мунтахаби футболи наврасони ҷумҳурӣ дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразилия, ки тирамоҳи ҳамин сол доир мегардад, самимона мухлисӣ мекунем”, – гуфт зимни суханронии худ дар маросими имзои шартнома роҳбари ширкати “Олуча-Авто” Зафар Қодиров.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.