Ҳавопаймои ба Хуҷанд раҳсипори “ЮТэйр” се соат дар фазои Сургут чарх зад

Ҳавопаймое, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 25 май аз шаҳри Сургут ба самти Хуҷанд парвоз кард, ба мушкилӣ дучор шуда баъди чархзании қариб сесоата дар фурудгоҳи байнулмилалии Сургут нишаст. Нишасти садамавии ҳайвопаймои “Боинг 737” ширкати “Ютэйр”, ки аз Сургут ба Хуҷанд парвоз анҷом медод, бидуни ҳолатҳои фавқулода анҷом ёфта, ҳамаи 136 нафар мусофирон ва 6 […]

Asia-Plus

Ҳавопаймое, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 25 май аз шаҳри Сургут ба самти Хуҷанд парвоз кард, ба мушкилӣ дучор шуда баъди чархзании қариб сесоата дар фурудгоҳи байнулмилалии Сургут нишаст.

Нишасти садамавии ҳайвопаймои “Боинг 737” ширкати “Ютэйр”, ки аз Сургут ба Хуҷанд парвоз анҷом медод, бидуни ҳолатҳои фавқулода анҷом ёфта, ҳамаи 136 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати сарнишинон осебе надиданд, менависад РИА Новости.

Ҳавопаймо соати 16:45 дақиқаи вақти Маскав парвоз карда, лекин баъди чанд дақиқа бозгашт ба нишастро дархост мекунад ва барои фурудоии бехатар муддати се соат дар фазои Сургут сӯзишвориро харҷ мекунад. Парвозҳо дар фазои Сургутро харитаи онлайни Flightradar24.com низ сабт кардааст. Ҳавопаймо соати 19:40 дақиқа ба вақти Маскав дар Сургут фуруд омад. Қайд мешавад, ки аксарияти мусофирони ин хатсайр муҳоҷирони меҳнатии тоҷик будаанд.

Намояндаи хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “ЮТэйр” ба ВАО-и Русия иттилоъ додааст, ки пас аз оғози парвоз дар низоми идоракунии ҳавопаймо мушкилиҳо рӯйи кор меоянд. Мувофиқи ин маълумот, ҳамин гуна мушкилӣ бо ҳавопаймои «Боинг 737» қаблан аз ҷумла зимни садамаи ҳавопаймо дар Адис-Абеба (10 марти соли 2019) ва Индонезия (29 октябри соли 2018) ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.