Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти ИИАО дар Нур-Султон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё санаи 29 май дар шаҳри Нур-Султон доир мегардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон. Ҷаласа ба муносибати 25-солагии пешниҳоди Нурсултон Назарбоев дар бораи ҳамгиройии авруосиёӣ ва 5-солагии имзои Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Ауруосиё (ИИАО) баргузор мешавад. Дар ҷаласа президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти муваққатии ин кишвар […]

Asia-Plus

Ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё санаи 29 май дар шаҳри Нур-Султон доир мегардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон.

Ҷаласа ба муносибати 25-солагии пешниҳоди Нурсултон Назарбоев дар бораи ҳамгиройии авруосиёӣ ва 5-солагии имзои Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Ауруосиё (ИИАО) баргузор мешавад.

Дар ҷаласа президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти муваққатии ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Русия Владимир Путин, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян иштирок мекунанд.

“Ғайр аз ин, аз иштироки президенти Молдова Игор Додон ба сифати сарвари кишвари нозир назди ИИАО ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ интизорӣ меравад”, – қайд мешавад дар хабари хадамоти матбуот.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа сарони кишварҳо масоили муҳим ва дурнамои рушди Иттиҳод, аз ҷумла самтҳои калидии фаъолият дар арсаи байнулмилалӣ ва сиёсати макроиқтисодии Иттиҳодро барои солҳои 2019-2020 баррасӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳои узви Шӯрои иқтисодии Авруосиё ба муносибати 5-солагии Шартнома дар бораи таъсиси ИИАО, ҳамчунин имзои як қатор санадҳои байнулмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.