Омодагии беш аз 170 иштирокчии лоиҳаи муштараки Tcell Parking ба омӯзиш!

Дар марҳилаи аввали тарҳи омӯзишӣ барои ҷавонон дар Тcell Parking беш аз 170 нафар ширкат доштанд! Иштирокчиёне, ки бар асоси санҷиши тестӣ натиҷаи беҳтарро ба даст меоранд, давоми 10 ҳафтаи оянда ба омӯзиши ҳаматарафаи забони англисӣ мепардозанд.   Лоиҳаи Tcell Parking – ин тарҳи вижа барои ҷавонон маҳсуб ёфта, бахшҳои омӯзишӣ ва саргармкунандаро ба ҳам меорад. […]

Дар марҳилаи аввали тарҳи омӯзишӣ барои ҷавонон дар Тcell Parking беш аз 170 нафар ширкат доштанд! Иштирокчиёне, ки бар асоси санҷиши тестӣ натиҷаи беҳтарро ба даст меоранд, давоми 10 ҳафтаи оянда ба омӯзиши ҳаматарафаи забони англисӣ мепардозанд.  

Лоиҳаи Tcell Parking – ин тарҳи вижа барои ҷавонон маҳсуб ёфта, бахшҳои омӯзишӣ ва саргармкунандаро ба ҳам меорад. Он аз ҷониби Tcell ҳамчун масъулияти ширкат дар пешорӯи ҷомеъа тарҳрезӣ гардида, амалӣ хоҳад шуд. Ширкат бо дарки масъулияташ дар назди ҷомеъаи маданӣ ва ҳампову ҳамқадами замон, яке аз он сохторҳоест, ки навгониҳоро дар кишвар роҳандозӣ, ҷонибдорӣ ва татбиқ менамояд. Tcell мефаҳмад, ки дар ҳоли ҳозир бозори кор ба кадом касбу ҳунар талаботи бештар дорад ва аз ҷомеъа аз ҷавонони кишвар чӣ умедворӣ дорад. Ҳамин тавр, онҳое, ки дар олами диҷитол (рақамӣ) мутахассис ҳастанд, шахсоне, ки муҳтаво (контекст) таҳия менамоянд, дизайнерҳо ва донандагони хуби забонҳои хориҷӣ, барномарезон ва ғайра дар рақобати бозори кор пешгом хоҳанд буд.   

Tcell барнома таҳия кард ва беҳтарин мураббиёну сухангӯёнро ба ҳам овард, то ин мутахассисон баъдан донишу маҳорату худро ба ҷавонон дода тавонанд. Тамоми давраҳои таълимӣ (омӯзишӣ)-и лоиҳаи Tcell Parking барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон хоҳанд буд.   

Рӯзи 25-уми май дар фазои креативии Parking дар Душанбе ҷавонони зиёде ҳузур доштанд: ҳамаи онҳо барои омӯзиш ва ёд гирифтани дониши нав ба ин ҷо омадаанд.  Дар ин ҷо бахши аввал ва ё марҳилаи якуми лоиҳаи ширкат- курси такмили забони англисӣ оғоз гардид. Дар замони муосир донистани забони англисӣ барои ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоъи дурусту воқеъӣ ниҳоят муҳим аст. Маҳз бо ин забон барномаҳои дигари таълимиро пайдо кардан мумкин аст; ихтисоси нав гирифтан, дар омӯзиши онлайн ширкат кардан, мустақиман бо ҳирфаиён кор кардану таълим гирифтан бо донистани забони англисӣ имконпазир аст. 

Беш аз 170 нафар ба давраи муқаддамотӣ-санҷишӣ омада, дар ин ҷо аз забони англисӣ тест супориданд. Онҳое, ки натиҷаҳои беҳтарро касб менамоянд, барои омӯзиши чуқур (ҳаматарафа)-и забони англисӣ тавассусти тарҳи вижаи ширкати Tcell роҳ хоҳанд ёфт. Фотима Саломатшоева, муаллими калони ДДМ (МГУ), мураббии забони англисии ДОМ тайи 10 дарс (машғулият) ба ҷавонони ҷӯяндаву хоҳишманд нозукиҳои забонро омӯхта, онҳоро барои ёфтани мавқеъи устувор, ҷои кори нав, барномаҳои таълимии сатҳи ҷаҳонӣ тарғиб менамояд.     

Иштирокчиёне, ки натавонистанд ба марҳилаи омӯзиш роҳхат бигиранд ва ё онҳое, ки сабти ном нашудаанд, рӯҳафтода набошед! Дар оянда, пас аз анҷоми курси мазкур боз як давраи таълимӣ-омӯзишӣ барои омӯхтани забони англисӣ роҳандозӣ мешавад! Шумо фақат аз навгониҳо дар саҳифаҳои расмии ширкати Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозхабар бошед ва сари вақт сабти ном шавед!

Ин барномаи омӯзишӣ (курс) аз аввалин иқдомҳои омӯзишӣ дар ин самт маҳсуб меёбад. . Сабти ном (бақайдгирӣ)-и иштирокчиён барои ҳар як давраи таълимӣ-омӯзиши тавассути саҳифаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ имконпазир аст. Ширкат дар барномаҳои омӯзишӣ пас аз бақайдгирӣ барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон аст.

Шонси худро барои омодашавӣ ба оянда дар Tcell Parking аз даст надиҳед! Tcell – алоқа барои ҳаёт!

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.