Нуҳ моҳ мешавад Икром Ҳамидови 9-сола бедарак аст

Имрӯз 9 моҳ мешавад, ки аз Икром Ҳамидови 9-сола дараке нест. Ӯ 27-уми августи соли 2018  аз назди ҳавлии бинои истиқоматиашон (ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 64\ 2 ҳуҷраи 28) бедарак шудааст. Модари Икром дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз аз фарзандаш хабаре нест. Ба гуфтаи ӯ то ҳол тафтишот аз ҷониби мақомотҳои дахлдор […]

Манзумаи Фирӯз “Азия-Плюс”

Имрӯз 9 моҳ мешавад, ки аз Икром Ҳамидови 9-сола дараке нест. Ӯ 27-уми августи соли 2018  аз назди ҳавлии бинои истиқоматиашон (ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 64\ 2 ҳуҷраи 28) бедарак шудааст. Модари Икром дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз аз фарзандаш хабаре нест. Ба гуфтаи ӯ то ҳол тафтишот аз ҷониби мақомотҳои дахлдор идома дорад ва худи онҳо низ аз пайи ҷустуҷӯ ҳастанд.

Зулфия Ҳамидова, модари Икром дар бедарак шудани фарзандаш ҳамсояи худ Зокир Ҷабиловро гунаҳгор медонад. Ӯ гуфт:

– 9 моҳ мешавад интизори писарам ҳастам. Аммо аз ӯ хабаре нест. Ман аз шавҳарам ҷудо шуда, писару духтарамро худам дар танҳоӣ тарбият мекунам. Бо Зокир Ҷабилов, ки ҳамсоя будем, то як сол аз ман хоҳиш мекард, ки ҳамсари ӯ шавам. Аммо ман ҷавоби ӯро рад карда, суханонашро гӯш накардам. Бовар дорам, ки барои маро тарсондан ё розӣ кардан ба ин кор даст зад.  Ман аз болои ӯ ба милитсия ариза навиштам. Баъди аризаи навиштаам милисаҳо ӯро боздошт карданд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шиноснома, билети ҳарбӣ дигар ҳуҷҷатҳояшро гирифта буданд ва ӯро баъди пурсиш ҷавоб доданд. Рӯзи 29-ум баъди тафтиши камераҳо маълум гардид, ки ҳамин одам писарамро бо худ мебарад ва баъд ӯ  якбора ғайб зад. Ва то имрӯз на аз худаш ва на аз писарам дараке нест. Мақомоти дахлдор то ҳол тафтишот бурда истодаанд ва хабар доданд, ки Зокир Ҷабилов аз Тоҷикистон берун нашудааст ва дар дохили кишвар аст.   

Ба гуфтаи Зулфия, барои пайдо кардани писараш ба назди хонаводаи Зокир Ҷабилов ба мавзеи колхози Россия низ рафтааст, ки шояд ягон маълумоте пайдо кунанд, аммо ноумед баргаштанд. Чун Ҷабилов бо ягон узви хонаводааш алоқа надоштааст. Танҳо бо як хоҳараш каму беш дар тамос мешудаасту халос.

– Ба хонаи апаи хурдии Зокир рафтем, то барои пайдо кардани писарам кӯмак кунад. Аммо ӯ худро ба рӯи замин партофта гиря мекард, ки ӯ аз ин ҳодиса хабар надорад. Худро бемор гуфта аз ҳуш меравонд. То ҳол намефаҳмам онҳо чӣ гуна оилаанд, – илова кард Зулфия.

То имрӯз тафтишоти бедарак шудани Икром Ҳамидов идома дорад. Модари Икром аз ҳамаи сокинон имдод мекунад, ки дар пайдо кардани фарзандаш ба ӯ ёрӣ расонанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сардори дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иброз дошт, ки корҳои ҷустуҷӯи Икром Ҳамидҷонов идома дошта, то ҳол аз ӯ хабаре нест. Мавсуф илова мекунад, ки барои пайдо намудани ин ноболиғ ҳамаи чораҳои ҷустуҷӯи оперативӣ идома дошта, дар телевизион низ акси ӯ зуд-зуд ба намоиш гузошта мешавад, то мардум дар пайдо гардидани ӯ бо кормандони милитсия ҳамкорӣ дошта бошанд.                   

Мисли Икром кам нестанд наврасону ноболиғоне, ки беному нишон гардида, то имрӯз аз онҳо хабаре нест. Яке аз онҳо ҳодисаи ваҳмангезе, ки соли 2013 ҳамаро ба ҳайрату ваҳм афканд, аз наздикии маркази тиҷоратии “Садбарг” бедарак шудани Малика ва Сабина Араловаҳост, ки фарзандони ду бародар буданд ва то имрӯз аз онҳо маълумоте нест.

Тибқи иттилои ВКД дар чор моҳи соли равон дар кишвар 119 кӯдак бедарак гардида, ки дар муддати кӯтоҳ ҳамаи онҳо дарёфт ва ба волидону наздиконашон супорида шудаанд.

Соҳибназарон дар гум шудани кӯдакон аслан калонсолонро гунаҳгор меҳисобанд ва андеша доранд, ки аз беаҳамиятии онҳо кӯдакон роҳи хонаи худро гум мекунанд ва баъдан аз дигар хиёбонҳо пайдо мешаванд ё тамоман бенишон мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.