Дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин президенти Қазоқистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дидору гуфтушунид кард.  Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ, нақши хоссаи нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дидору гуфтушунид кард. 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ, нақши хоссаи нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар ин раванд махсус қайд кард.

Гуфта мешавад, зимнан президенти Тоҷикистон ибрози итминон намуд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 май ҷиҳати иштирок дар нишасти ҷашнии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авуосиё ( ИИАО) ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба Нур-Султон раҳсипор шуд.

Қобили зикр аст, ки давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус аъзои ИИАО мебошанд. Молдова мақоми кишвари нозирро дар он дорад. Тоҷикистон то ҳол узви ин Иттиҳод нест.

Имрӯз дар Нур-Султон ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ба кор шурӯъ мекунад. Ҷаласа ба муносибати 25-солагии пешниҳоди Нурсултон Назарбоев дар бораи ҳамгиройии авруосиёӣ ва 5-солагии имзои Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад.

Дар ҷаласа сарони кишварҳои узви Иттиҳод, ҳамчунин президенти Молдова Игор Додон ба сифати сарвари давлати нозири назди ИИАО, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ҳайси меҳмонони фахрӣ иштирок мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст якчанд шартномаҳои байнулмилалӣ оид ба танзими масоили марбут ба ташаккули бозори умумии электроэнергетикӣ, механизмҳои пайгирии молу маҳсулоти воридотӣ ба қаламрави Иттиҳод, ҳамчунин санади ворид намудани тағйриот ба Шартнома дар бораи ИИАО ва Шартнома дар бораи Кодекси гумруки ИИАО баррасӣ ва таҳия мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?