Миннатдории пурэҳсоси духтарчаи тоҷик ба амири Дубай барои ҷарроҳии дилаш

Маҳина Ғаниеваи 9-сола аз Тоҷикистон ба амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рошид барои ҷарроҳии дилаш, ки маблағи он аз ҳисоби фонди ӯ пардохт шуд, миннатдорӣ изҳор намуд, меависад khaleejtimes. Маҳина Ғаниева яке аз 70 миллион нафаронест, ки дар доираи Ташаббусҳои глобалии Муҳаммад бин Рошид (MBRGI) ба ӯ кумак расонида шуд. Духтарча аз бемории қалб азият […]

Asia-Plus

Маҳина Ғаниеваи 9-сола аз Тоҷикистон ба амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рошид барои ҷарроҳии дилаш, ки маблағи он аз ҳисоби фонди ӯ пардохт шуд, миннатдорӣ изҳор намуд, меависад khaleejtimes.

Маҳина Ғаниева яке аз 70 миллион нафаронест, ки дар доираи Ташаббусҳои глобалии Муҳаммад бин Рошид (MBRGI) ба ӯ кумак расонида шуд. Духтарча аз бемории қалб азият мекашид.

“Ман ба шайх ва фонди ӯ миннатдорӣ изҳор мекунам. Ҳозир худамро хеле хуб ҳис мекунам ва хушбахтам”, – гуфт Маҳина зимни суханрониаш дар толор ҳангоми ҳисоботи солона дар бораи Ташаббусҳои глобалии Муҳаммад бин Рошид.

Дар маълумоти нашрия қайд мешавад, ки лаҳзаи пурэҳсос дар ин маросим он буд, ки духтарчаи тоҷик наҷотдиҳандаашро ба оғӯш кашиду бӯсид.

“Пас аз миннатдории Маҳина дар толор шайх Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, амири Дубай, ноиби президент ва сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ӯро ба оғӯш гирифт. Духтарча амирро сахт дар оғӯш дошт, ки хеле саҳнаи пурэҳсос буд”, – хабар медиҳад khaleejtimes.

Гуфта мешавад, пас аз ифтор шайх Муҳаммад бори дигар назди Маҳина омада, ӯро ба оғӯш гирифта, аз пешонааш бӯсид ва ба духтарча сӯзанаки худро тақдим кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.