Маҷрои сел оромгоҳҳо ва манзили сокинони Конибодомро хароб кард

Дар шаҳри Конибодом як наҳр дар деҳаи Шӯрқурғон аз соҳилаш баромада, гӯристони деҳаро зери об кардааст. Дар натиҷа чандин оромгоҳҳо фурӯ рафтаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” тариқи телефон як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳр. Бино ба гуфтаи ӯ, мақомоти шаҳрдорӣ ва умури дин ният доранд, ки то бегоҳи имрӯз қабрҳои фурӯрафтаро барқарор кунанд. Дар назди […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар шаҳри Конибодом як наҳр дар деҳаи Шӯрқурғон аз соҳилаш баромада, гӯристони деҳаро зери об кардааст. Дар натиҷа чандин оромгоҳҳо фурӯ рафтаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” тариқи телефон як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳр.

Бино ба гуфтаи ӯ, мақомоти шаҳрдорӣ ва умури дин ният доранд, ки то бегоҳи имрӯз қабрҳои фурӯрафтаро барқарор кунанд. Дар назди мақомоти шаҳрдорӣ оид ба муайян кардани ҳаҷми зиён ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ ситод ташкил шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=nmFSEWEiZAg

Ғайр аз ин, дар бисёре аз деҳаҳои Конибодом низ харобшавии манзилу биноҳои хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шуда, ба садҳо гектар майдони заминҳои кишоварзӣ зарар расидааст.

Сел ба 55 манзили сокинони маҳаллӣ осеб расонидааст, ки дубора барқарор кардани аксари онҳо ғайриимкон аст.

https://www.youtube.com/watch?v=btNo-LSFDfU

Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар обуҳавои номусоид боқӣ монда, чанд рӯзи охир обуҳавои сербориш ба омадани сел дар ҳудуди як қатор минтақаҳои кишвар боис гардид.

Рӯзи 3 июн сел ба заминҳои кишт, роҳҳои мошингард ва қитъаи заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Фархор зиёни ҷиддӣ расонид. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то 7 июн боқӣ мемонад. Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел, резиши санг, болоравии сатҳи оби дарёву обанборҳо, шусташавии соҳилҳои кӯлу дарёҳо сабаб шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ боисрор аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз сафару сайру саёҳат ба қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ, ҷамъоварии растанӣ дар кӯҳҳо худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.