Таъмиру навсозии ду меҳмонхона дар Душанбе ва ба фурӯш гузоштани Hyatt Regency

Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмиру навсозии меҳмонхонаҳои “Пойтахт” ва “Вахш” дар Душанбе сармоягузор ҷуста, саҳмияҳои меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ба фурӯш гузошта шудаанд. Миёни лоиҳаҳои ҷойдошта дар сомонаи КВД “Тоҷинвест” лоиҳаи таъмиру навсозии меҳмонхонаи “Пойтахт” (собиқ меҳмонхонаи “Душанбе”) бо арзиши 8 млн. доллар ҷойгир шудааст. Барои амалисозии лоиҳаи таъмиру навсозии меҳмонхонаи “Вахш” бошад, дар ҳаҷми 4 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмиру навсозии меҳмонхонаҳои “Пойтахт” ва “Вахш” дар Душанбе сармоягузор ҷуста, саҳмияҳои меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ба фурӯш гузошта шудаанд.

Миёни лоиҳаҳои ҷойдошта дар сомонаи КВД “Тоҷинвест” лоиҳаи таъмиру навсозии меҳмонхонаи “Пойтахт” (собиқ меҳмонхонаи “Душанбе”) бо арзиши 8 млн. доллар ҷойгир шудааст.

Барои амалисозии лоиҳаи таъмиру навсозии меҳмонхонаи “Вахш” бошад, дар ҳаҷми 4 млн. доллар сармоягузорӣ зарур аст.

Қобили зикр аст, ки ҳарду меҳмонхона ҳам моликияти давлатӣ мебошанд.

Боз дар як лоиҳаи сармоягузорӣ фурӯши меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe зикр мешавад, ки арзиши бастаҳои саҳмияҳояш зикр намешавад.

Дар худи меҳмонхона маълумоти мазкурро на тасдиқ карданду на инкор. “Мо дар даст чунин маълумот надорем”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Hyatt Regency Dushanbe.

Меҳмонхонаи панҷситорадор дар соҳили “Кӯли ҷавонон” соли 2018 аз ҷониби ширкати “Русские отели”, муталлиқ ба олигарх Олег Дерипаска сохта ба истифода дода шуд. Барои сохтмони иншоот, ки ба уҳдаи ширкати туркии ENKA вогузор шуда буд, 100 млн. доллар маблағ харҷ шуд.

Соли 2017 меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe  дар қатори маркази тиҷорати “Созидание” ба ихтиёри ТАЛКО дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.