Савдои кӯчагиро ки бояд танзим намояд! Ё чаро мо аз сари роҳ маҳсулоти ғизоӣ мехарем?

Мушоҳида мегардад, ки савдои кӯчагӣ то имрӯз дар ҷомеаи мо ба назар мерасад ва харидоронро низ ин амали савдогарон нигарон намекунад. Чун мебинем ба ҳамаи ҳолатҳои санитарӣ нигоҳ накарда аз ҳамон маҳсулоти хӯрока, ки дар рӯи замин гузошта шудаанд харидорӣ мекунанд. Савдои кӯчагӣ асосан дар назди бозорҳо ба назар мерасад, ки дар ҳолати начандон хубӣ […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Мушоҳида мегардад, ки савдои кӯчагӣ то имрӯз дар ҷомеаи мо ба назар мерасад ва харидоронро низ ин амали савдогарон нигарон намекунад. Чун мебинем ба ҳамаи ҳолатҳои санитарӣ нигоҳ накарда аз ҳамон маҳсулоти хӯрока, ки дар рӯи замин гузошта шудаанд харидорӣ мекунанд.

Савдои кӯчагӣ асосан дар назди бозорҳо ба назар мерасад, ки дар ҳолати начандон хубӣ санитарӣ қарор гирифта, ба сокинон пешниҳод мегарданд. Ҳамчунин дар фасли гармо метавонад маҳсулоти хӯрока ба зудӣ вайрон шавад ва истеъмолкунандагон баъди хӯрдани он бемор шавад. 

Тибқи мушоҳидаҳо нархи чунин маҳсулоти ба фурӯш гузошта нисбат ба онҳое, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ ҳастанд арзонтар нархгузорӣ мешаванд. Ва ба назар мерасад, ки ин на савдогар ва на харидорро ба ташвиш намеорад, ки яке барои маҳсулоти худро фурӯхтан ва дигаре шиками худро сер кадан бепарвоӣ зоҳир менамоянд.

Дар бозори “Корвон”, ки ҳамарӯза мардум барои харид намудани ниёзи худ мераванд ва табиист, ки баъди гашту гузори зиёде ҳатман аз ҳамон маҳсулотҳои хӯрокаи сари роҳ харидорӣ намуда истеъмол мекунанд. 

Азиза, ҳамсӯҳбати мо бар ин назар аст, ки дар фасли гармо ба фурӯш баровардани баъзе маҳсулоти хӯрока, ки дар роҳравҳо фурӯхта мешаванд, метавонад ҳар истеъмолкунундаро заҳролуд кунад. Ин дар ҳолест, ки  дар  роҳҳои ҳамшафат ҳамарўза ҳазорҳо воситаи нақлиёт чангу хокро ба ҳаво бардошта, ба болои ин маҳсулотро пош медиҳанд ва боиси нороҳатию хатарфизоӣ ба маҳсулотҳои хўрока мегардад.

Номбурда илова кард: “Дар роҳравҳои бозор тамоми навъҳои хӯрокаро ба фурӯш мебароранд, ки аз нигоҳи санитарӣ ин маҳсулот бояд танҳо дар яхдон гузошта шаванд. Масалан, чаккаро бо лаълии калоне рӯи замин мегузоранд, ки бо гузаштани ҳар инсон болои он пур аз чангу хок мешавад. Ва дар ҳавои гарм ин маҳсулоти ширӣ метавонад ба зудӣ вайрон гардад. Аммо мо харидорон гарчанде инро медонем боз ҳам аз онҳо харидорӣ мекунем. 

Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуотии Агентии Тоҷикстандарт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки саводгарони кӯчагӣ расмӣ набуда ҷойи муайяни фурӯш ва патент надоранд. Ба гуфтаи мавсуф: “Дар қонун Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ гуфта шудааст, ки савдо дар ҷойи муқаррар ношуда манъ шудааст. Ин нафарон дар ҷойи муқарарношуда, дар роҳравҳо, назди мактаб, бозорҳо савдо мекунанд. Дар ин масъала борҳо дар назди бозорҳо бо директорони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида ҳатто ҷарима бастем, ки ҳамон нафароне, ки дар роҳравҳои бозор маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд дар дохили бозор ҷо карда шаванд. Ин ба масълуияти нозирони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла нозирони минтақавӣ вобаста аст, ки онҳо бояд савдои кӯчагиро пешгирӣ намоянд.

Ҷаноби Ашӯров илова кард, ки дар ҳолати гузаронидани санҷиш нафарони ба савдо машғӯлшуда, на патент ва на ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фурӯш доранд ва онҳо ҳуқуқи мусодираи молашонро надоранд.

Бояд гуфт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат яке аз афзалиятҳои асосии кишвар ба шумор меравад. Аммо мутаассифона, барои роҳ додани савдои кӯчагӣ ва бештар рушд кардани он худи мо харидорон гунаҳгор ҳастем. Чун агар маҳсулоти хӯрокаро харидорӣ накунем шояд сафи онҳо низ коҳиш ёбад. 

Пӯшида нест, бештари нафароне, ки ба савдои кӯчагӣ машғуланд шароити хуби иқтисодӣ надоранд ва зиндагии вазнин онҳоро водор намудааст, ки дар гармиву сардӣ ба ин намуди савдо машғул шаванд. Хуб мебуд, ки роҳбарони бозорҳо барои нафарони имтиёзнок ҷойи муайян бо пардохти патенти арзонтар пешниҳод намоянд, чун онҳо даромади хубе надоранд, ки маблағи патентро пардохт намоянд.

Вале гап сари амнияти бехатарии шаҳрвандон меравад, чунки он маҳсулотҳо дар офтоб ва таги чангу хок монда, таъму сифати худро гум карда, истеъмолкунанда аз ҷумла, кӯдакон метавонанд заҳролуд шаванд.   

Матахассисон тавсия медиҳанд, ки мардум бояд аз чунин маҳсулоти сарироҳи ҳазар намоянд ва барои худ дарди зиёдатие харидорӣ накунанд. Ҳамчунин дар вақти хариди молу маҳсулоти хӯрокворӣ сертификати мутобиқат аз фурӯшанда талаб намоянд.

Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 7 июнро ҳамчун Рӯзи амнияти озуқаворӣ эълон кардааст. Мақсади асосии он таъмини амнияти озуқавории аҳолии ҷаҳон мебошад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.