Дар меҳмонхонаҳои Душанбе як ҳафтаи оянда ҷой нест

Date:

Дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе ҷойҳои зисти холӣ намондааст, дар чанде аз онҳо ҳатто то санаи 26 июн. Ба гумони ғолиб, ин ҷойҳоро меҳмононе гирифтаанд, ки барои иштирок ва инъикоси ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (14-15 июн) ба Душанбе омадаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз меҳмонхонаи Hyatt Regency хабар доданд, дар ин меҳмонхона то рӯзи 18 июн ҷойи холӣ боқӣ намондааст. “Дигар меҳмонони навро қабул карда наметавонем”, – гуфтанд онҳо.

Дар Hilton иттилоъ доданд, ки ҳамаи ҳуҷраҳои зисти меҳмонхона то 17 июн банд шудааст. “Дар меҳмонхонаи мо намояндагони Чин ва Озарбойҷон ҷой гирифтанд, дигар ҳуҷраи холӣ надорем”, – қайд кардан дар меҳмонхона.

Дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” низ вазъ ба ҳамин гуна аст: ҳуҷраҳои зисти меҳмонхона то санаи 25 июн банд аст.

Дар меҳмонхонаи “Серена” низ изҳор доштанд, ки дар рӯзҳои баргузории ҳамоиш ҷойҳои холӣ намондааст.

Қобили зикр аст, ки дар меҳмонхонаҳои оддӣ низ ҷойҳои холӣ нест. Сайёҳон дар форумҳои англисизабон мегӯянд, дар робита ба баргузории ҳамоиш дар онҳо низ пешакӣ фармоиш додани ҷойи зист ғайриимкон шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пагоҳ дар Душанбе панҷумин ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба кор шурӯъ мекунад, ки онро 650 нафар рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ инъикос менамоянд. Аз ҳамин рӯз ташрифи меҳмонон ба Душанбе шурӯъ мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар кори нишаст намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ,  рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ Иттиҳоди Аврупо ва ғайра иштирок хоҳанд кард.

Кори нишаст бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш, Туркия ва Шри-Ланка, ҳамчунин сарвазири Афғонистон Абдулло Абдулло доир мегардад.

Ғайр аз ин, ҷиҳати иштирок дар кори нишаст ҳайатҳои баландпояи Баҳрайн, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ,  Қатар, Камбоҷа, Кореяи Ҷанубӣ,  Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Таиланд, Беларус, Индонезия, ИМА, Филиппин, Малайзия, Украина, Япония, СММ, САҲА, СҲШ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ низ ба Душанбе ташриф меоранд.

МҲТБО форуми байнулмилалиест, ки баҳри таъмини сулҳу амният ва субот дар қораи Осиё таъсис дода шудааст. Машварат 27 давлатро муттаҳид сохта, боз 8 давлат ва 5 созмони байнулмилалӣ мақоми нозирро дар он доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...