Омӯзиши таҷрибаи Бангладеш барои рушди саноати Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 13 июн Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамидро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз робитаҳои зичтар ва тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш ҳавасманд мебошад […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 13 июн Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамидро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз робитаҳои зичтар ва тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш ҳавасманд мебошад ва нақши ин кишварро дар тавсеаи ҳамкории минтақавӣ назаррас арзёбӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба истифодаи самараноки имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ ба манфиати кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва сармоягузориҳои мустақим омодагии худро иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки истифодаи таҷрибаи бойи Бангладеш барои рушди саноат дар Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва Шӯрои соҳибкорон, имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ, барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкорию ҳамгироии кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ гардид.

Муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ва имзои Созишнома оид ба ҳамкории амниятӣ ва таъсиси гурӯҳи муштараки корӣ, мувофиқи мақсад шуморида шуд. Дар рафти мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.