Баррасии масъалаи дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Шри-Ланка

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 13 июн Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисенаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот натиҷаҳои аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар, ки соли 2017 сурат гирифта буд ва инчунин масъалаҳои ҳамкории […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 13 июн Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисенаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот натиҷаҳои аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар, ки соли 2017 сурат гирифта буд ва инчунин масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар доираи сиёсати хориҷии кишвар Тоҷикистон ба таҳкими равобити дӯстона бо давлатҳои  минтақаи рушдёбандаи Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Шри-Ланка таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, бофандагӣ, дорусозӣ, коркарди пашму пӯст, таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаи истихроҷу коркарди сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ, таҳияи лоиҳаҳои бузурги зерсохтори нақлиёт, рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки барои рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб судовар, аз ҷумла сиёсат, иқтисоду тиҷорат, ҷоннок кардани фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистон ва Шри-Ланка, Баргузории Бизнес-Форумҳо, таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри – Ланка, дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрӣ, истифодаи долонҳои транзитӣ, мусоидати бештар хоҳад кард.

Ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои судманд, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, инчунин имзои лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисодро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дар доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ масъалаи мубориза бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили тақвияти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қочоқи маводи мухаддирро муҳокима карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.