Манъи кор ба муҳоҷирон дар бахши ободонии боғҳо ва рекламаи Сахалин

Дар Сахалин ба муҳоҷирни машғули кор бо патент фаъолият боз дар як қатор соҳаҳо, аз ҷумла ободонии кӯчаву хиёбон ва боғҳо манъ шуд, хабар медиҳад Sakhalin.info. Соли 2019 номгӯи навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар он ҷалби шаҳрвандони хориҷии машғули кор бар асоси патент ба кор аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор манъ мешавад, зиёд карда шуд. Ба […]

Asia-Plus

Дар Сахалин ба муҳоҷирни машғули кор бо патент фаъолият боз дар як қатор соҳаҳо, аз ҷумла ободонии кӯчаву хиёбон ва боғҳо манъ шуд, хабар медиҳад Sakhalin.info.

Соли 2019 номгӯи навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар он ҷалби шаҳрвандони хориҷии машғули кор бар асоси патент ба кор аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор манъ мешавад, зиёд карда шуд.

Ба номгӯи фаъолияти иқтисодии “манъшуда” кор дар ободонии кӯчаву хиёбон ва боғҳову манзара (ландшафт), агентиҳои интихоби ҳайати шахсӣ (корманд), шуғли муваққатӣ ва агентиҳои рекламадиҳанда дохил шуданд.

Моҳи декабри соли 2018 и. в. роҳбари Сахалин Валерий Лемеренко ҷалби муҳоҷирнро ба кор дар соҳаҳои маориф, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, савдо чакана, фаъолият дар хадамоти хусусии посбонӣ, нақлиёти заминӣ ва лӯлаҳо, тавққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёт манъ карда буд.

Аз соли 2016 то соли 2019 дар Сахалин манъи корро ба муҳоҷирон дар соҳаҳои корҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок, фаъолият дар меҳмонхонаву корхонаҳо  ва хӯроки умумӣ, таъмину тақсимоти об, дар бахшҳои ронандагӣ дар автобусу таксиҳо, якчанд самтҳои савдо ва сохтмон, истеҳсоли нон ва маснӯоти қаннодӣ, агентиҳои тавққуфгоҳҳо ва посбонии воситаҳои нақлиёт, мактабу беморхонаҳо ҷорӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, бо қарои думаи вилояти Сахалин, соли 2019 нархи патент барои муҳоҷирон дар ин минтақаи Русия 25% – то 5807 рубл дар як моҳ афзуд.

Қобили зикр аст, ки ба Сахалин муҳоҷирон маъмулан аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва ҳамчунин Тоҷикистон меоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.