Имзои як қатор созишномаҳо дар Форуми байнулмилалии сармоягузории Кӯлоб

Бо мақсади таъмини рушди босуботи иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ рӯзи 14 июн соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор гардид. Бино […]

Бо мақсади таъмини рушди босуботи иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ рӯзи 14 июн соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар доираи Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, намунаҳои эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, ба маърази иштирокчиёни Форум гузошта шуд.

Гуфта мешавад, дар кори Форум доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагони ҳамватанони бурунмарзӣ, мутахассисону коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар қисмати расмии Форум, ки таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд баргузор гардид, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Паммершайм, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал Бодӣ , директори иҷроияи Корпоратсияи Исломӣ ои ба рушди бахши хусусӣ Айман Амин Сеҷинӣ, Президенти ширкат оид ба захираҳои «Тибет-Эверест» Хуан Цзян Жунг ва муовини волии Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки дар нимаи дуюми рӯз кори Форум дар чор бахши алоҳода дар мавзӯҳои “Роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ бо мақсади рушди саноатию инноватсионии иқтисодиёти миллӣ”, “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ, мавзеҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ”, “Имкониятҳои рушди содирот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи технологияи муосир” идома ёфт.

Қайд мешавад, ки дар доираи Форум як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи қолабӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)”, “Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди “Каши Синюй Дади Майнинг” ба имзо расид.

Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо ширкат оид ба захираҳои «Тибет-Эверест», “Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён-Рустам» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ” ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ расонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.