Мутахассисони аз кор дасткашида дар Тоҷикистон маблағи таҳсилро бозпас бармегардонанд

Дар Тоҷикистон тартиби баргардонидани воситаҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил кардаанду мувофиқи тақсимоти комиссия дар мақомот ва муассисаҳои давлатӣ кор кардан намехоҳанд, таҳия шуд. Санади мазкур 31 майи соли равон бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шудааст. Мувофиқи тартиботи ҷоришуда, мутахассисони ҷавон, ки дар дохил ё хориҷи кишвар аз ҳисоби […]

Дар Тоҷикистон тартиби баргардонидани воситаҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил кардаанду мувофиқи тақсимоти комиссия дар мақомот ва муассисаҳои давлатӣ кор кардан намехоҳанд, таҳия шуд.

Санади мазкур 31 майи соли равон бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шудааст.

Мувофиқи тартиботи ҷоришуда, мутахассисони ҷавон, ки дар дохил ё хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ (бар асоси шартномаи дуҷониба ва роҳхати мақомоти дахлдор) таҳсил ва маълумот гирифтаанд, уҳдадоранд, ки на камтар аз се сол аз рӯи ихтисосашон дар муассисаҳои давлатӣ кор кунанд.

Шахсоне, ки дар хориҷи кишвар аз ҳисоби стипендияи байнулмилалии президенти Тоҷикистон “Дурахшандагон” маълумоти олӣ мегиранд, уҳдадоранд, ки муддати 5 сол аз рӯи ихтисосашон дар вазорату идораҳои дахлдор фаъолият намоянд.

Касоне, ки қарори комиссияи тақсимот ва роҳхати мақомоти дахлдорро бидуни сабабҳои узрнок нодида мегиранд (иҷро намекунанд), бояд воситаҳои масрафшудаи давлатиро бозпас баргардонанд.

Ин тартибот ҳамчунин ба мутахассисони ҷавоне низ дахл дорад, ки то анҷоми муҳлати ҳатмии кор бо сабаби вайрон кардани қонунгузории меҳнат аз кор озод мешаванд.

Донишҷӯёне, ки бо сабаби риоя накардани интизом, қарзҳо аз имтиҳон, дермониҳо ё ҳузур надоштан дар дарсҳо ва дигар сабабҳои бидуни узр ё бесабаб аз муассисаи таълимӣ хориҷ мешаванд ё аз идомаи таҳсил даст мекшанд, воситаҳои сарфшударо барои таҳсили онҳо дар хориҷи кишвар тибқи шартнома бармегардонанд.

Аз бозпас баргардонидани воситаҳои буҷетӣ шахс дар ҳолатҳои зерин озод карда мешавад: бо кор таъмин накардан, гузаштан ба мансабҳои интихобӣ, идомаи таҳсил, корношоям будан, доштани маъюбии дараҷаҳои 1, 2 ва 3, даъват ба хизмати ҳарбӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак, ҳамчунин агар хатмкардагон ятими кулл бошанд ё узви оилае бошанд, ки бе парастор мондааст.

Ҳаҷми воситаҳои пардохтмешуда аз ҷониби муассисаи таълимӣ бо назардошти воситаҳои буҷетӣ ва шартномавӣ дар як сол барои як донишҷӯ ба ҳисоби миёна муайян карда мешавад. Зимни муайян кардани хароҷоти соллона сатҳи таваррум ба назр гирифта мешавад.

Дар тартибот гуфта мешавад, тайёр кардани мутахассисони ҷавон аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳои эҳтиёҷманди ҷумҳурӣ ба кадрҳо сарфи назар аз шакли тадорукотӣ ва ҳуқуқӣ, амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.